Очередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов

Фақат “Юнистрим”: саргардонии мардум аз дарёфти маболиғи интиқолии муҳоҷирин - акс

1640
(Таҷдидшуда 12:50 03.12.2019)
Субҳи имрӯз, 3 декабр, ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои дарёфти маболиғ ба бонкҳо омаданд, гирифтори сарсониву саргардонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Муслима, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, дирӯз фарзандаш тариқи бонк аз Русия маблағ фиристода буд, аммо субҳ вақте хост онро дарёфт кунад, муваффақ нашуд.

“Бонки “Эсхата” рафтам, “Амонатбонк” ҳам рафтам, як маркази хизматрасонии бонкӣ низ рафтам, аммо дар ҳама ҷо як гапро гуфтанд, ки дода наметавонем. Ман ин гапҳоро намефаҳмам. Ба писарам занг задам ва тилфонро ба дасти корманди бонк додам, ки фаҳмонад. Ҳарду чӣ гапҳое гуфтанд. Корманди бонк гуфт, ки ба писаратон фаҳмондам, ҳозир аз дигар мепартояд. Шиштаам нигоҳ карда...”, - гуфт холаи Муслима.

Ба мисли холаи Муслима садҳо нафари дигар дар саросари Тоҷикистон пушти дарҳои бонкҳо мунтазири ҳалли мушкили хеш нишастаанд. Дар тамос бо “Sputnik” кормандони бонкҳои “Эсхата” ва Амонатбонк” гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли пул тариқи ширкатҳои “Золотая корона”, "Western Union" "Contact" ва “MoneyGram” имкон надорад.

Очередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов
© Sputnik
Очередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов

“Танҳо ширкате, ки мешавад аз тариқи он пул дарёфт кард, “Юнистрим” аст. Мо ба мизоҷон мефаҳмонем, ки пулашонро дигарбора бо ин ширкат фиристанд. Интиқоли дувоздаҳрақама. Бале, каме сарсонӣ дорад, аммо имкон ҳаст, ки пул фиристода ва дарёфт шавад”, - гуфт як корманди бонк.

Он чӣ сокинони қаториро нигарон кардааст, эҳтимоли қатъ шудани интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аст.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон ба “Sputnik” хабару овозаҳои манъи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро рад карда буд.

Далели пеш омадани чунин вазъро ҳам имзо нашудани шартномаи гузариш ба низоми нави ҳисоббаробаркунии БМТ аз сӯи ширкатҳои интиқоли маблағ унвон карданд.

Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба Sputnik гуфт, ҳоло бо ширкати "Юнистрим", "CONTACT", "Western Union" шартнома ба имзо расидааст ва низоми интиқоли пулии "Contact" низ аз фардо ба кори худ оғоз хоҳад кард.

“Ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад. Дар ҳоли ҳозир, корҳои техникӣ ба анҷом мерасанд", - гуфт роҳбари дафтари матбуоти БМТ Мавҷуда Ҳасанова ва аз ироаи маълумот дар бораи шартнома бо ширкатҳои “MoneyGram” ва "Золотая Корона" худдорӣ кард.

Аммо он чӣ субҳи имрӯз дар Тоҷикистон иттифоқ афтод, нишон медиҳад, ки “корҳои техникӣ” ҳанз ба анҷом нарасидаанд. Аммо сокинон ва кормандони бонк ба ин боваранд, ки ин мушкил ба зудӣ рафъ хоҳад шуд.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз 3 декабри соли равон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

 “Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи БМТ.

Тибқи иттилои расмӣ, 90% интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад ва қисмати бузурги онро маболиғи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ташкил медиҳад. Соли 2018 ба Тоҷикистон $2 миллиарду 553 миллион доллар ворид шуда буд.

1640
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, интиқол, саргардонӣ, бонк, маблағ, Тоҷикистон
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг

Ронанда дар хати пиёдагузар ноболиғи 10 - соларо пахш кард

23
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати кӯдаки 10 - сола хабар медиҳад, ки дар хати гузаргоҳи пиёдагардон зери чархи мошин мондааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 1- уми июл, тахминан соати 22:00 дақиқа рух додааст.

Бар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Деу-некси"  Ҷамии Ҳамиди 24 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, дар хати пиёдагузар ноболиғро зер кардааст.

"Ронанда ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоев аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар болои хати гузаргоҳи пиёдагардон, пиёдагарди ноболиғ, Исроилова Фарида Шодиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Садамаи мудҳиш дар Восеъ оилаи Комиловҳоро мотамзада кард: ду тан ҳалок ва дуи дигар захмӣ

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ин ҳодиса ноболиғи 10 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ меафзояд, феълан аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

23
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, ноболиғ, садама
Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото

Сӯхтор дар Панҷакент ба ҳалокати келини хонавода ва ду кӯдаки ноболиғаш анҷомид

313
(Таҷдидшуда 12:25 03.07.2020)
Бар асари сӯхтор дар манзили зисти сокини 56 - сола дар шаҳри Панҷакент келини хонавода бо ду фарзанди кӯчакаш ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шаби 2 - юми июл дар манзили зисти сокини шаҳри Панҷакент сӯхтори шадид рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар манзили Солиев Баёни 56 - сола,  сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба амал омад.

Гуфта мешавад, бар асари сӯхтор келини соҳибхона Каримова Таҳминаи 43 - сола  бо фарзандонаш Солеҳзода Меҳваршои 4 - сола ва Солеҳзода Талабшои 2 - сола фавтидаанд.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон: ба корхона хисороти калон овард

Ҳамчунин, худи соҳибхона Солиев Баён, ҷароҳати сӯхтагии бадан бардошта, ба Шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол ёфт.

Ба иттилои пизишкон ҳудуди 99 фисади бадан ва ҳамчунин 30 дарсади роҳҳои нафаси соҳибхона сӯхтаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, зарар аз сӯхтор 7780 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз сӯхтор эмин нигоҳдоштаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба 122 000 сомонӣ баробар аст.

Феълан омили сар задани сӯхтор муайян мешавад.

313
Барчаспҳо:
ҳалок, кӯдак, келин, сӯхтор, Панҷакент