Заключенные в тюрьме, архивное фото

Вокуниши ВУД ба хабари тамаъҷӯии муфаттишон аз маҳбусон

272
(Таҷдидшуда 13:41 04.12.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати матлаби сомонаи "АхборКом"таҳти сарлавҳаи "Талаби ришва аз маҳбусон барои раҳоӣ аз зиндон бар асоси қонуни авф" вокуниш нашр намуд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik.  Сомонаи "АхборКом" рӯзи 3 - юми декабр мақола таҳти сарлавҳаи "Талаби ришва аз маҳбусон барои раҳоӣ аз зиндон бар асоси қонуни авф" ба тасвиб расонд.

Дар мақолаи мазкур аз тамаъҷӯии  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта мешавад. Зикр мегардад, ки гӯё муфаттишон  барои аз зиндон раҳо намудани се маҳкумшуда бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз онҳо пул тамаъ намуданд.

Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри вокуниш, хабари сомонаи "АхборКом"- ро дур аз воқеият хонда, афзудааст, ки "аснои таҳия кардани маводи мазкур бояд аз ҳуқуқшиносон маслиҳат мепурсиданд, то навиштаашон боиси тамасхури хонанда нагардад".

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Зеро тибқи қонун "Дар бораи авф" зиндониёне, ки тибқи моддаи 110 КҶ Тоҷикистон маҳкум ба зиндон ҳастанд, нисбати ягон нафари онҳо авф татбиқ карда нашудаст, гуфта мешавад дар вокуниши ВУД.

Дар мақола омадааст, ки "3 нафар маҳкумшудагон ба шарти наовардани номашон аз шаҳри Хуҷанд ба «Ахбор» навиштанд, ки бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" бо моддаи 110 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда будем. Муфаттиш ба хешовандонамон гуфтааст, ки ба мо авф татбиқ мешавад, вале каме хароҷот дорад. Мо гуфтем аз ягон шиносҳоямон пурсед онҳо мегӯянд, ки оё гуфтаи муфаттиш асос дорад ё не. Ҳуқуқшиносон гуфтанд ягон маблағ лозим нест, онҳо аз Шумо тамаъ ҷуста истодаанд".

Зимнан,  ВУД Тоҷикистон дар вокуниши худ қайд намудаст, ки татбиқи авф нисбати маҳкумшудагон ба салоҳияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут набуда, балки вазифаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати мудофиа мебошад.

ВУД дар матлабаш меафзояд, ки то ин рӯз ягон ҳолати даст ба кирдорҳои коррупсионӣ ва қаллобӣ задани "муфаттишон, судяҳо ва дигар масъулоне, ки вобаста ба қонуни авф кор мекунанд»" вобаста ба татбиқи қонуни авф ба қайд гирифта нашудааст.

272
Барчаспҳо:
муфаттишон, тамаъҷӯӣ, ВУД, вокуниш