Ҷарроҳӣ, акс аз бойгонӣ

Ҷарроҳии нуҷумшиноси куриёӣ пас аз садама дар роҳи ВМКБ - Душанбе

282
(Таҷдидшуда 16:22 04.12.2019)
Нуҷумшинос ва физики куриёӣ ҳангоми ҳаракат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба самти Душанбе ба садама  дучор шудааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб як сайёҳи хориҷиро аз марг наҷот доданд.

Феълан сайёҳ баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад.

Дар ин бора мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи мазкур Шералӣ Холматов ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.

Ба иттилои мавсуф, 30 ноябр шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ви Неоҷунхуин ба беморхона интиқол ёфта, бистарӣ гардид.

Сайёҳи хориҷӣ  Ви Неоҷунхуин моҳи апрели соли равон бо дучарха ба саёҳат баромада, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Яхчипуни  Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинобар дар паи нуқсони техникии дучархааш афтида, аз қисмати косахонаи сар осеби вазнин дидааст.

Дар ноҳияи Мурғоб зану шавҳари лаҳистониро наҷот доданд

Сайёҳи хориҷӣ нуҷумшинос ва физик буда, ҳангоми ҳаракат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба самти Душанбе ба садама  дучор шудааст.

Айни замон бемор дар ҳолати беҳушӣ (комаи 1) ва бо гузариш ба комаи 2 қарор дорад.

Ҷарроҳӣ 4 соату 10 дақиқа давом карда, он аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ — мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Шералӣ  Холматов, ҷарроҳи асаб  Одилҷон Шерматов ва номзади илми тиб Самад Ҳусайнов анҷом дода шудааст.

Наҷоти гардишгарони раҳгумзадаи исроилӣ дар Помир

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии минтақавӣ ва беморхонаи вилоятӣ бемор бо хӯрок ва дорувории ройгон таъмин карда мешавад.

Манбаъ афзуда, ки айни замон бемор зери назорати қатъии духтурон қарор дорад.

282