Фасли зимистони гарм: ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 20 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

Имрӯз дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3+8 то 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0