Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото

Машваратҳои байниидоравии Узбакистону Тоҷикистон дар Тошканд

96
(Таҷдидшуда 18:52 05.12.2019)
Машваратҳои ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи пуштибонии иттилоотии сиёсати хориҷӣ ва кор бо расонаҳо дар Тошканд баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар ин нишастро Вафо Ниятбекзода, раиси бахши иттилоот, матбуот ва таҳлилу барномарезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бар ӯҳда дошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корщои хориыаи Узбакистон.

Тарафайн тайи ин нишаст дар мавриди масоили марбут ба пуштибонии иттилоотии сиёсати хориҷӣ, сабти номи расонаҳои хориҷӣ, кор бо афкори умумӣ ва расонаҳо ва созмондеҳии рӯйдодҳои расонаӣ табодули таҷриба карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст дар заминаи тавсеаи ҳамкории хадамоти иттилоотии ниҳодҳои иқтисоди хориҷии ду кишвар баҳсу табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе рӯзи 3 декабр ба Узбакистон сафар кард.

Дар доираи ин сафар Рустами Эмомалӣ бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дидор карда чанд созишнома имзо намуд ва бо раиси шаҳри Тошканд Эркинҷон Турдимов низ мулоқоти судманд кард.

96
Барчаспҳо:
Тошканд, сиёсат, машварат, Узбакистон, Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

463
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

463
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

2703
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

2703
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон