Се сол боз бедарак аст: кумакхоҳии пайвандони Истамойи гумшуда аз шаҳрвандони Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонзани 33 - сола, модари се фарзанди ноболиғ се сол боз бедарак шуда то кунун аз ӯ ному нишоне нест

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Пайвандони ҷавонзани 33 - сола, ки муддати қариб се сол беному нишон аст, то ҳол чашм ба роҳи вай буда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо карданаш илтиҷои кумак мекунанд, хабар медиҳад сомонаи Оила.tj.

Ҷашнвора барои кӯдакон дар ноҳияяи Панҷ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони "беному нишон" - и Тоҷикистон соҳиби ҳуҷҷат шуданд - гузориши аксӣ

Бар хабари манбаъ, Истамой Аминҷонова сокини Панҷакент буда, дар яке аз макотиби ин шаҳр аз фанни забон ва адабиёти рус дарс мегуфт.

Модар фарзандашро пас аз 12 соли бедаракшавӣ пайдо кард

Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 6 - уми июни соли 2017 аз хона ба кор рафта дигар барнагашт.

Маротибаи охир ӯро тахминан соатҳои 16-16:30 дар маҳаллаи Сӯзангарон диданд ва сипас ин ҷавонзан беному нишон ғайб зад, зикр мекунад манбаъ.

Ҳамакнун ду солу 7 моҳ мешавад, ки аз Истамой ному нишон нест ва кӯшиши наздиконаш низ барои пайдо кардани ӯ натиҷа надодааст.

Наврас, ҷавонзан ва марди миёнсол бедарак шудаанд: кумакхоҳии ВУД - видео

Зимнан, модари Истамой Муҳаррам Султонова аз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш ва илтиҷо мекунад, ки барои пайдо кардани фарзандаш ба ӯ кумак кунанд ва дар сурати дарёфти ягон маълумот дар бораи Истамой ба рақамҳои зерин тамос гиранд.

92 710 11 28 ва 907 63 18 87.

Лентаи хабарҳо
0