Сомони и доллары, архивное фото

Аз 1,5 ба 0,99%: "Юнистрим" ҳаққи хизматрасониро поин овард

1072
(Таҷдидшуда 14:17 06.12.2019)
"Юнистрим" низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо, ҳаққи хизматрасониро барои Тоҷикистон коҳиш дод

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ин тавофуқ, имрӯз, 5 декабр, дар мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Кирилл Палчун, президенти "Юнистрим" ҳосил шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев аз Кирилл Палчун хостааст, ки ба хотири васеъ намудани доираи хизматрасонӣ, арзон ва осон кардани интиқоли маблағ ва дигар хадамот тариқи низоми пардохтии "Юнистрим" ҳаққи хизматрасониҳо барои интиқоли маблағҳо поён оварда шавад.

Интиқол манъ аст: чаро фиристодани маблағ аз Русия ба Тоҷикистон имкон надорад

Бино ба ин манбаъ, Кирилл Палчун ба хотири тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дархости кам кардани ҳаққи интиқолҳоро "хуш пазируфт”.

Тибқи иттилои расмӣ, то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии пардозиши интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии “Юнистрим” ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод ва шуруӯъ аз 6 декабри соли равон ин рақам ба 0,99 фоиз коҳиш дода шуд.

Ин хабарро намояндагони расмии ширкати "Юнистрим" ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.

"Минбаъд ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубли русӣ, ки қаблан 100 рубли русиро ташкил медод, 50 фоиз тахфиф шуда, 50 рубли русиро ташкил хоҳад дод, ки ин имтиёз дар шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии “Юнистрим” имконпазир аст", - омадааст дар хабари маркази матбуоти БМТ.

Низоми пардохтии байналмилалии "Юнистрим" дар Русия беш аз 15 ҳазор нуқтаи интиқоли маблағ (МТС-4300; Теле2-2150; ПочтаБанк (Почта России) - 4600 ва ғайраҳо) дорад.

Кирилл Палчун гуфтааст, ки барои васеъ кардани доираи фаъолият бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, ворид шудан ба бозори кортҳои пардохтӣ, аз ҷумла “Корти миллӣ” таваҷҷӯҳ дорад.

"Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки ҳамкорӣ бо низоми пардохтии “Юнистрим” дар доираи Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳотҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ шуда, имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин менамояд, барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим мебошад", - омадааст дар хабар.

Бонки миллӣ мушкилот дар интиқоли маблағҳо дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Ин таҳаввулот дар пайи пиёда шудани низоми нави интиқоли маболиғ ба Тоҷикистон ва Маркази миллии пардозиш дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки 3 декабр фаъол шуд ва нигарониву сарсониҳои зиёдеро барои муштариёни бонкҳои кишвар ба вуҷуд овард, иттифоқ меафтад.

Маркази миллии пардозиш аз тамоми операторони интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар даъват кард, ки ба ин низом пайванданд. Тибқи қоидаҳои ин низом, ҳама операторон муваззафанд, ки тариқи Маркази миллии протсессинг интиқоли маблағҳои худро ба роҳ монанд. 

Дар ҳоли ҳозир, БМТ бо ду оператори Русия – “Юнистрим” ва “Контакт” шартнома баста, бозори интиқоли маблағҳоро дар ихтиёри онҳо гузоштааст.

Бонки миллӣ хабари манъи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро рад кард

То ба ҳол вокунише аз сӯи “Вестерн Юнион” ва “Мани Грам” – и Амрико ва ҳам “Тоҷи тиллоӣ” (Золотая корона) – и Русия нашудааст.

Маркази матбуоти Бонки милли Тоҷикистон дар хабараш гуфтааст, ки Кирилл Палчун, президенти низоми пардохтии байналмилалии "Юнистрим"  "фаъолияти Маркази миллии протсессингиро, ки ҳамтои худро дар ҷаҳон надорад, навоварӣ дар самти бонкдорӣ дониста, онро барои рушди бозори хизматрасониҳои интиқолӣ, ки таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳоро кафолат медиҳад, муҳим арзёбӣ намуд".

1072
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, "Юнистрим"