Супориши вижаи Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот ба Вазорати фарҳанг

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот, Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки барои таҳияи барномаи фарҳангии ҷашни 5500-солагии Саразм тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшад

ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Дирӯз таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода мудири ЮНЕСКО-ро ба ҷашни Саразм даъват кард

Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 5500-солагии Саразми бостонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Расулзода таъкид кардааст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-"Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм" эълон гардидааст.

Ворид гаштани 5500 солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО

Дар доираи сиёсати муваффақонаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2010 ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.

"Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои таҳияи барномаи фарҳангии ҷашни 5500-солагии Саразм тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшад", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки ҷашни 5500-солагии Саразм соли 2020 таҷлил карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0