Выборы, архивное фото

Ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ омода ҳастанд

259
Бархе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз омодагии худ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар аввали моҳи марти соли 2020 хабар додаанд

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik.  Раисони ҳизбҳои демократ ва комунисти Тоҷикистон теъдоди номзадҳои ин ду гуруҳи сиёсиро барои ширкат дар ин интихобот мушаххас кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Саидҷаъфари Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон намудааст, ки 13 нафар аз аъзои ин ҳизб бар асоси руйхати воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ ва 19 нафар низ ба унвони номзад дар ҳавзаҳои интихобияи саросарӣ вориди рақобат хоҳанд шуд.

Ҳамчунин Меъроҷ Абдуллоҳов раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон аз омодагии ин гуруҳ барои пешниҳоди 8 номзад барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар  хабар додааст.

Дар Парлумони феълии Тоҷикистон Ҳизби демократ як намоянда дорад, ва он ҳам Саидҷайфари Усмонзода аст. Аммо Ҳизби комунист ҳеҷ намояндае дар Парлумон  надорад.

Ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалистӣ ҳам, ки дар Маҷлиси қонунгузории феълии Тоҷикистон намоянда доранд эълом кардаанд, ки дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ ва Маҷлиси миллӣ дорои 33 курсӣ аст.

Ҳади нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси орои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки ҳизбҳои ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як номзадро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифристанд.

259
Барчаспҳо:
ҳизби комунист, Ҳизби демократ, омодагӣ, интихобот, Маҷлис, парлумон, Тоҷикистон, ҳизб