Мэр города Рустам Эмомали, архивное фото

Дар Душанбе дар рӯзи интихоботи парлумонӣ 70 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешавад

138
(Таҷдидшуда 12:48 09.12.2019)
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Имрӯз дар пойтахти кишвар иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта.

Дар маҷлиси мазкур масоили муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

“Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар доираи 70 (ҳафтод)  адад муқаррар карда шавад”,  - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамчунин бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе иҷлосия комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳайати 9 нафар таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъмини тартибот, амният ва бехатарии шаҳрвандон дар ҷараёни баргузории он ҷалб намуд.

138
Барчаспҳо:
парлумонӣ, интихобот, вакилон, Маҷлис, иҷлос, ғайринавбатӣ, пойтахт, Душанбе
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар

63 соли имомати Оқохони IV: исмоилиён ид доранд-акс

41
Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз 11 июл 63-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Шоҳ Карим ал Ҳусайниро таҷлил доранд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.

Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад, дар баробари ҳаммазҳабонашон аз нуқоти гуногуни ҷаҳон 11 июлро ҳамчун Рӯзи Имомат таҷлил мекунанд.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки исмоилиёни Тоҷикистон асосан дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегарданд. Чун хизмат ба ҷамоатро исмоилиён аз арзишҳои аслии ҳаётии худ медонанд, дар ин рӯз бисёри хизматрасониҳо дар навоҳии ВМКБ, аз ҷумла мусофирбарию дигар намуди хадамот ройгон сурат мегиранд.

Кумаки Ожонси Оқохон барои мубориза бо COVID-19 дар Суғду Хатлон-аксҳо

Дар шароити пандемия таҷлили рӯзи Имомат низ бо бархе тағйирот амалӣ мешавад ва бисёри чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн баргузор мешаванд. Аз ҷумла созмони Нур дар Русия эълон кард, ки дар шароити маҳдудиятҳои марбути пандемия бархе чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн сурат мегиранд.

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

41
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

52
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

52