Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони Русия

Обуна шудан
Соҳибкорони Русия дар мулоқот бо мақомоти Суғд барои бунёди корхонаи равғанбарорӣ, маркази логистикӣ, ташкили боғҳои нав ҳавасмандии худро баён карданд

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд, гурӯҳи соҳибкорон аз Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфта, якҷо масоили ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниро матраҳ караанд. 

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи ҳукумати Суғд иттилоъ доданд.

Раджабой Ахмадзода посетил центральный рынок Панчанбе и рынки вокруг него - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Аҳмадзода барои арзон кардани нархи гӯшт ва бозгардонии симои пешини "Панҷшанбе"

Бино ба хабари манбаъ, мулоқоти ҷонибҳо дирӯз 9-уми декабр дар ҳукумати Суғд доир шуда ва гурӯҳи соҳибкорон аз кишвари Русия ро Леонид Лейзерман, директори генералии ширкати “Трансойл-терминал” ҳамроҳӣ кардааст.

 “Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки таҳти сарварии роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин равобити судманди дуҷониба пойдор буда, ҳамкориҳо сол аз сол тақвият ёфта истодааст”, иттилоъ медиҳад манбаъ.

 Аснои суҳбат ҳамчунин Раиси вилоят, бо ироаи маълумоти зарурӣ оид ба вазъи иқтисодии вилоят таваҷҷӯҳи меҳмононро ба бунёди корхонаҳои коркади меваву консервабарорӣ ҷалб намуда, иброз доштааст, ки соҳибкорони рус метавонанд дар якҷоягӣ бо шарикони тоҷики худ дар самти коркарди мева, сабзавот ва пахта лоиҳаҳои судмандро амалӣ намоянд.

Дар навбати худ Леонид Лейзерман, директори генералии ширкати «Тарнсойл-терминал» ва ҳайати ҳамроҳонаш таъкид намудаанд, ки ин ташрифи онҳо ба вилояти Суғд бо даъвати чанде аз соҳибкорони тоҷик сурат гирифтааст ва аз ин сафар хеле хушҳол мебошанд.

 “Соҳибкорони Русия ҳавасмандии худро ҷиҳати бунёди корхонаи равғанбарорӣ, маркази логистикӣ, ташкили боғҳои нав, корхонаи коркарди зардолу ва дастрассозии тухмиҳои нави зироатҳо баён доштанд”, хабар медиҳад, маркази иттилоъти Суғд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ умедворӣ кардаанд, ки пас аз омӯзиши пурраи зарфиятҳои вилояти Суғд соҳибкорони тоҷику рус тарҳҳои муштаракро амалӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0