Флаги СНГ, архивное фото

Стратегияи тавсеаи иқтисодии ИДМ то соли 2030 ба тасвиб расид

47
(Таҷдидшуда 12:57 11.12.2019)
Дар пойтахти Русия 84-умин нишасти Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ) дар сатҳи муовинони нахуствазирони кишварҳои узв ин иттиҳодия баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Дастури кори нишасти мазкур машмули мавзӯоти мухталифе дар иртибот бо ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ буд.

Ба гузориши Форс, раисони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда зимни ин нишасти стратегияи тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2030-ро тасвиб ва тавсия карданд, ки такмили ин пешнавис идома ёбад.

Ин санад аҳдоф ва вазоифи тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ ва ҷиҳатҳои аслии таомул дар ин заминаро барои даҳ соли оянда таъйин мекунад.

Санади тасвибшуда ҷиҳат баррасӣ ба Шӯрои нахуствазирони кишварҳои ИДМ ирсол хоҳад шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин тасмимоте дар мавриди пешнависи пешбинии тавлид ва масрафи манобеи энержии кишварҳои ИДМ  то сол 2030 ва оинномаи ҷадиди рақобат барои ҷоизаи ИДМ дар заминаи кайфияти маҳсулот ва хадамот ба имзо расиданд.

ИДМ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато, тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

 

47
Барчаспҳо:
тасвиб, нахуствазир, иқтисод, ИДМ, Тоҷикистон
Встреча главы МИД РТ с министром иностранных дел Южной Кореи Канг Кюнг

Аз ҳамакории тиҷоратӣ то мубориза бо COVID-19: мақомоти Корея ба Тоҷикистон чӣ ваъда дод?

96
(Таҷдидшуда 10:05 26.11.2020)
Дар шаҳри Сеул дар ҳошияи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвият бахшидани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои мухталиф изҳори умед намуданд.

Гуфта шудааст, ки ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.

Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

“Ҷонибҳо ба аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид карданд”, - зикр кардааст манбаъ.

Инчунин, ба иттилои мнабаъ, дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд шудааст, ки дар анҷоми мулоқот дар анҷоми Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барои солҳои 2021-2023 имзо гардид.

96
Барчаспҳо:
Сеул, мулоқот, ҳамкорӣ, Корея, Тоҷикистон
Микрофон, архивное фото

Интишори албоми сурудҳои ошиқона бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон

44
(Таҷдидшуда 02:59 26.11.2020)
Ба муносибати 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ – шоири маъруфи ғазалсарои тоҷик Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) - и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯра‎бек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯра‎бек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 - солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.

44
Барчаспҳо:
Теҳрон, суруд, Тоҷикистон, сафорат, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Эрон

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

0
(Таҷдидшуда 11:06 26.11.2020)
Алберто Фернандес, раисиҷумҳури Аргентина дар паёме ба муносибати даргузашти Марадона 3 рӯз азо (мотам)-и умумӣ дар кишвараш эълом кард

Даргузашти Диего Армандо Марадона ҳамаи мардуми Аргентинаро таҳти таъсир қарор дода ва бархе ахбор ҳокӣ аз он аст, ки мардум ба нишонаи нороҳатӣ ба хиёбонҳо омадаанд.

Даргузашти Марадона ҳамчунин бо вокуниши шахсиятҳои матраҳи дунёи футбол ҳамроҳ буд.

Расона‌ҳои Аргентина рӯзи чаҳоршанбе аз даргузашти Диего Марадона бар асари оризаи қалбӣ хабар доданд.

Марадонаи 60 сола, чанде қабл ба иллати оризаи қалбӣ дар бемористон бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд.

Вай яке аз беҳтарини бозигарони таърихи футбол ва ситораи даҳаи 80 милодӣ ба шумор мерафт ва ҳамвора шуморе аз бозикунон ва мураббиёни саршинос, коршиносон, маҷаллоти тахассусии футбол ва низ ҳаводорони ин риштаи варзишӣ, ӯро бартарин бозикуни тамоми таърихи футбол медонанд.

0
  • © REUTERS / Carlos Barria

    Даргузашти Марадона ҳамаи мардуми Аргентинаро таҳти таъсир қарор дод

  • © REUTERS / Action Images / Juha Tamminen

    Марадона яке аз беҳтарини бозикунони таърихи футбол ва ситораи даҳаи 80 милодӣ ба шумор мерафт

  • © AP / Carlo Fumagalli, file

    Диего Армандо Марадона бо ҷоми дар Чемпионати Ҷаҳон дар даст баъд аз бозии финал бо тими миллии Олмон дар соли 1986

  • © REUTERS / Stringer

    Диего Марадона бо ҳамсараш Клаудия ва модари меҳрубонаш, соли 1989

  • © Sputnik / Vladimir Rodionov

    Марадона дар ҳайати тими "Наполи" баъд аз бозӣ бо тими Спартаки Маскав дар соли 1990

  • © AFP 2020 / Daniel Garcia

    Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

  • © REUTERS / Stringer

    Суҳбати ду шахси намоен: Диего Марадона ва раисҷумҳури Кубы Фидель Кастро дар Куба, 2001 год.

  • © REUTERS / Marcos Brindicci

    Диего Марадона бо сигори кубинӣ ва нақши Че Гевара бар даст

  • © AFP 2020 / Stringer

    Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

  • © AP / Matt Sayles

    Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд

  • © AFP 2020 / Valery Hache

    Сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад

  • © REUTERS / Eddie Keogh

    Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам эълон намуд

  • © Sputnik / Sergey Guneev

    Президенти Русия Владимир Путин, ситораи футболи Бразилия Пеле ва ситораи Аргентина Диего Марадона

  • © REUTERS / Marcos Brindicci

    Диего Марадона ҳамроҳ бо дустдухтараш

  • © REUTERS / Grigory Dukor

    Диего Марадона бо бозии футболаш Аргентираро ба денё муаррифӣ кард