Здание Национального банка РТ, архивное фото

“Таҷрибаи беназир”: Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон қисмати сеюм

807
(Таҷдидшуда 17:30 12.12.2019)
Шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бархе роҳандозии низоми навро як навъ дастдарозӣ ба маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ, кӯшиши инҳисори бозори интиқоли маблағҳо ва ҳатто эҷоди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин нигарониҳо ва назароти мухталиф дар бораи роҳандозии Маркази миллии пардозиш (ММП) Sputnik Тоҷикистон бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон мусоҳиба орост, ки ҳоло пешниҳоди хонандагон мешавад:

Дар бораи танаввуъ ва инҳисор. Ягон фоизи муайян хоҳад буд, ки ширкатҳо набояд аз он зиёд маблағ интиқол диҳанд? Масалан, дар соҳаи воридоти нафту газ ягон ширкат ҳақ надорад аз 30 дарсад бештар воридот дошта бошад, то бар бозор яккатозӣ накунад...

Дар қонунгузории мо дар бораи танаввуъ ва инҳисор дар низоми бонкӣ чизе гуфта нашудааст. Ҳоло ки масъалаи танаввуъ ҳалли худро ёфт, мо дар фикри инҳисор низ ҳастем, зеро аз ширкати инҳисорӣ сарнавишти низом вобаста мешавад.

Агар ҳадди инҳисорро дар ягон фисадии муайян муайян ҳам кунед, интиқолдиҳандагонро чӣ гуна мешавад миёни онҳо тақсим кард? Масалан, “нақша” ё худ ҳад (лимит) - и як низоми пардохтӣ дар 10 - уми моҳ буд шавад, дигар наметавонад маблағ қабул кунад?

Бале, инро мо пешбинӣ кардаем. Аз ин хотир, дар ҳоли ҳозир ин ҳадро муайян карда намешавад. Аз сӯи дигар, дар ҳоли афзудани рақобат низомҳои пардохтӣ талош мекунанд, ки беҳтар хизмат расонанд. Он замон худ маълум мешавад, ки дар бозор кӣ кор карда метавонад. Дар ҳоли пайдо шудани инҳисоргар метавон шароити корро тариқи қонунгузорӣ муайян кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто миёни мардум назару овозаҳое сайр мекунанд, ки ҳадаф аз роҳандозии ММП аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон даст дароз кардан ба маблағҳои интиқолдиҳандагон ва низомҳои пардохтӣ аст. Ин ҳамаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Қатъан изҳор медорем, ки ММП ройгон хизмат мекунад, ягон дарсад ҳақ намегирад. Бонки миллӣ ҳар харҷе, ки кардааст, аз ҳисоби худ кардааст. Ҳангоми пайвастшавӣ ва кушодани суратҳисоби бонкӣ аз интиқолдиҳанда, интиқолгиранда, низомҳои пардохти байнулмилалӣ ва бонку ташкилоти қарзии ватанӣ ягон дирам гирифта намешавад. Пайваст шудан ба ММП ройгон аст.

Ҳадаф манфиати мардум ва ҷомеа шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон ягон фоида намегирад. Тарифҳоро худи низомҳои пардохтӣ ва ташкилотҳои қарзӣ мувофиқа ва муайян мекунанд. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон зимни гуфтушунидҳо бо низомҳои пардохти байнулмилалӣ танҳо талош мекунад, ки ҳаққи хизматрасониро поён барад.

Ҳар операторе, ки мехоҳад ба ММП пайваст шавад, метавонанд озодона ҳамкорӣ кунад ва пайваст шаванд. Ягон мушкил нест. Марҳамат, онҳо биёянд, гуфтушунид кунанд ва пайваст шаванд. Аз сӯи дигар, суде, ки низомҳои пардохти байнулмилалӣ ва бонку ташкилотҳои Тоҷикистон мебинанд, миёни онҳо ва тибқи созишномаи миёни худи онҳо тақсим мешавад. ММП ба ин суд ҳамроҳ намешавад. Ин тиҷорати онҳо аст. Мо ба он дахолат намекунем.

Аммо то ин замон барои мо маълум набуд, ки бонку ташкилотҳои қарзии мо чӣ қадар даромад мегирифтанд. Ҳар чӣ ба мо ҳисобот медоданд, аз рӯи ҳамон мо маълумот мегирифтем. Ҳоло онҳо наметавонанд, ки даромадҳои худро пӯшонанд. Маълумоти дақиқи бонкҳо барои таҳлилҳои дурусти иқтисодии кишвар хеле муҳиманд. ММП шаффофияти фаъолияти онҳоро таъмин мекунад.

Кӯшиши ММП бар ин аст, ки низомҳои пардохт ҳаққи хизматрасониро коҳиш диҳанд ва даромадҳои мардум афзояд, Масалан, аз рӯзи 6 декабр “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониҳояшро аз 1,5 ба 0,99% коҳиш дод. Низоми пардохтии “Контакт” низ ҳаққи хизматрасониашро аз 1,5% то ба 1 % паст намуд. Инчунин гуфтушунидҳо бо “Вестерн Юнион” идома доранд. Ҳама кӯшишҳои ММП барои манфиати мардум ва давлат аст.

Яке аз бартариҳои ММП – ро масъулин ин гуфтаанд, ки ҳисоббаробаркунӣ осон мешавад. Чӣ тавр?

Масалан, шумо аз Душанбе тариқи “Амонатбонк” ба Хоруғ маблағ мефиристед. Ҳоло чунин аст, ки шумо ин маблағро танҳо аз “Амонатбонк” метавонед гиред, аммо он ҷо ин бонк намояндагӣ надорад. Акнун шумо ин маблағро аз дигар бонкҳое, ки дар Хоруғ ҳастанд, дастрас карда метавонед. Ин мушкил бартараф шуд.

Даъвои дигар ин аст, ки пас аз роҳандозии ММП аз ҳаннотиҳо ҷилавгирӣ мешавад. Оё ин гуна маворид буданд?

Бале, чунин маврид зиёд буданд. Ин чӣ тур аст? Масалан, шумо дар ягон маҳалли дурдаст ноогоҳ аз қурби интиқоли пул бояд интиқоли аз Русия шударо ба даст оред. Он ҷо корманди бонк ба шумо мегӯяд, ки қурби мубодила 145 сомонӣ нисбат ба 1000 рубли русӣ аст, аммо дар асл шуморо фиреб медиҳад, чун қурб 150 сомонӣ аст.

Шумо ба корманди бонк бовар карда, бо ҳамон қурб маблағатонро мегиреду меравед. Ба ҳамин маблағ расид (квитансия) ҳам медиҳанд, ё намедиҳанд. Ҳангоми фаъолияти ММП ин ҳаннотӣ имкон надорад, зеро ММП ба ҳама ташкилотҳои қарзӣ дар реҷаи воқеӣ (онлайн) қурби интиқолро пешниҳод менамояд ва ин қурб дар низоми онҳо инъикос мегардад ва дар расиде, ки ташкилотҳои қарзӣ ба муштариён медиҳад, он дарҷ мешавад. Низоми ММП ин имконро аз ҳаннотон мегирад.

Равзанаи ё интерфейси ягона чӣ маъно дорад?

Масалан, “Амонатбонк” бо ҳамаи низомҳои пардохт шартнома дорад. Вақте шумо ба назди корманди ин бонк меравед, аз шумо пурсида мешавад, ки аз кадом низоми пардохт пул омадааст. Шумо, масалан, мегӯед, ки “Юнистрим”.

 Корманди бонк сафҳа ё терминали “Юнистрим” – ро боз мекунад. Пас аз шумо як нафари дигар меояд, мегӯяд, ки маблағаш аз “Вестерн Юнион” аст. Корманди бонк маҷбур аст, ки аз сафҳаи “Юнистрим” баромада, ба сафҳаи “Вестерн Юнион” ворид шавад. Табиист, ки барои ин вақти зиёд зоеъ ва хизматрасонӣ кунд мешавад. Ҳоло чунин нест.

 Дар сафҳаи умумӣ, ки ММП эҷод кардааст, ҳисоботи ҳамаи низомҳо пайдо мешавад ва корманди бонк аз як сафҳа ҳамаро дида, хизмат мерасонад. Дар ҷаҳон чунин як маркази интерфейс ё равзанаи ягона нест. Ин таҷриба собиқа надорад. Воқеияти Тоҷикистон чунин аст ва мо вазифадорем, ин мушкилиҳои бонкҳо ва шаҳрвандони худро осон кунем.

Мегӯед, ки ММП дар ҷаҳон назир надорад. Ин эътирофи худи Шумост ё...?

Чанд рӯзи қабл роҳбари низоми пардохти “Юнистрим” Кирил Палчун дар Тоҷикистон қарор дошт ва ба БМТ ҳам омада буд. Дар сӯҳбатҳо ӯ зикр кард, ки воқеан ин иқдоми шумо дар ҷаҳон ҳамто надорад ва як навоварии технологӣ аст. Аз ин сабаб, ӯ зикр намуд, ки ҷонибдори пайваст шудан ба ММП аст.

Ҳоло “Юнистрим” бе мушкил дар Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Зимни мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷаноби Кирилл Палчун ҷонибҳо ба мувовиқа омаданд ва фоизҳои интиқол коҳиш дода шуд. “Юнистрим” беш аз 20 ҳазор нуқтаи хизматрасонӣ дорад. Доираи фаъолияти он васеъ аст ва метавонад ба шаҳрвандони мо озодона хизмат расонанд.

Як даъвои дигари шумо ин аст, ки кортҳои пардохтӣ афзоиш меёбанд ва “маърифати молиявии аҳолӣ” дар пайи фаъолияти ММП баланд мешавад. Лутфан шарҳ медодед.

Воқеан, ММП ба рушди бозори хизматрасониҳои кортҳои бонкӣ такон дод. Ин яке аз дастовардҳои чанд рӯзи ахир аст. Дар ин чанд рӯзе, ки низоми нав ҷорӣ шуд, мардум ба фикри кортҳои бонкӣ шуданд. Тибқи иттилои мо, тайи ду рӯзи аввал ташкилотҳои қарзӣ ба мардум 15 ҳазор корти бонкӣ тақсим карданд.

Шумо хуб дарк мекунед, ки дар ҷомеаи мутамаддин қариб аксари пардохтҳо, чӣ дар мағозаву дӯкон ва чӣ дигар ҷойҳое, ки муомилаи пулӣ сурат мегирад, кортҳои бонкӣ истифода мешаванд. Мо ҳам ба ҳамин низом мегузарем. Аммо набояд чунин сӯитафоҳум шавад, ки минбаъд тамоми хизматрасониҳои бонкӣ бояд тавассути кортҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд. Раванди интиқолҳо ҳамон гуна, ки буд, ҳамон тавр меистад.

 Мардум чун гузашта мераванд бонк, шиноснома нишон медиҳанд, пулашонро мегиранд ё мефиристанд. Фақат интиқолҳо тавассути низомҳое бояд сурат гиранд, ки ба ММП пайваст шудаанд.

Пас аз роҳандозӣ кардани ММП мушкили зиёде пеш омад. Мардум хеле сарсонӣ кашиданд. Бонку ташкилотҳои қарзӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардиданд. Фикр намекунед, ки дар кори ММП саросемагӣ ва аҷала сурат гирифтааст? Намешуд, ки он пас аз пухта шудан ва пайвастани ҳамаи низомҳои пардохти байнулмилалӣ роҳандозӣ мешуд?

Дар бораи низомҳои пардохти байналмилалӣ гуфтем, ки ҳанӯз моҳи апрел онҳоро ба пайвастшавӣ ва ҳамкории муштарак даъват карда будем. Онҳое, ки пайваст шуданд, маълуманд ва онҳое, ки нашуданд, онҳо ҳам маълуманд. Бале, ягон кор бе мушкилӣ намешавад, баъзе ҳолатҳоро пешбинӣ карда будем.

 Ҳоло танҳо як мушкил дорем, ки бонку ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми додани маболиғи интиқолӣ вақти зиёд мегиранд, аммо ин ба маънии минбаъд ҳам чунин сурат гирифтани кор нест. Ҳар навоварӣ, ки ҷорӣ шавад, ҳатман камбудии техникӣ дорад. Мо ҳоло ин камбудиҳоро маълум карда, рафъ менамоем.

Дар умум ММП як тарҳи муваффақ аст, ки бартариҳояшро ба зудӣ мардуми Тоҷикистон дарк хоҳанд кард. Дар фаровард бояд ҳаминро қайд кард, ки амалиётҳои интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз солҳои 2000-ум оғоз ёфта, тайи 20 соли охир шаҳрвандон амалиётҳои интиқоли маблағ, яъне амалиётҳои бонкиро бидуни бонкҳо, яъне бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ амалӣ менамоянд.

Бо роҳандозӣ намудани механизми нав, яъне Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо маърифати молиявии аҳолӣ баланд шуда, теъдоди суратҳисобҳои бонкӣ ва кортҳои пластикӣ ба маротиб зиёд гардид.

Бо фаъол шудани Маркази мазкур бо мақсади танаввуъ (диверсификатсия)-и муштариён аз самти ғайрибонкӣ ба низоми бонкӣ боис гардид, ки амалиётҳои бонкӣ фаъол шуда, падохтҳои ғайнинақдӣ вусъат ёбад, теъдоди амонатҳо ва қарзҳо дар низом афзуда, муштариёни низоми бонкӣ зиёд шаванд.

Танҳо дар як ҳафтаи фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо теъдоди суратҳисобҳои бозшуда ва кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 32 ҳазор ададро ташкил намуд, ҳол он ки ба таври миёна шумораи кортҳои пардохтӣ дар як моҳ то 25 ҳазор афзоиш меёфтанд.

Ҳолати мазкур барои афзоиши суратҳисобҳои бонкӣ, афзоиш ёфтани амонатҳо, зиёд гардидани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ ва дар натиҷа шаффоф гардидани иқтисодиёти миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

807
Барчаспҳо:
таҷриба, сӯҳбат, бонк, нигаронӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон