Дорогие украшения богатых женщин в средней Азии на рубеже XIX и XX веков

Аз сокинони Суғд дастпонаи нодири таърихии ашхоси доро барои осорхона харидорӣ шуд

581
Яке аз чунин даспонаи бачагонаи тиллогини бо сангҳои фирӯза оро ёфта дар Осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, ба асри XIX мансуб мебошад.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз шаҳрвандони шаҳру навоии вилояти Суғд ба миқдори 44-адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта харидорӣ намуд, ки ба давраи қадим, асрҳои миёна ва замони муосир мансуб мебошанд.

Дар ин бора Мутриба Мамадҷонова мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғдва хабар дода гуфтааст, ки ин ёдгориҳо барои ғанигардонии коллексияи соҳавии махзани осорхона, баргузории намоишҳои осорхонавӣ ва сайёр судманданд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи намоиши ёдгориҳои Саразм кушода мешавад

Гуфта мешавад, ки дар байни ашёҳои харидорӣ гардида ашёи нодир ба монанди даспона (макак)-и бачагона харидорӣ гардид, ки то ин дам дар маъхази осорхона чунин нигора мавҷуд набуд.

"Даспона (макак)-и бачагона аз металли нуқра сохта шуда барои кӯдакон аз оилаҳои доро ба фармоишот аз тарафи заргарон сохта мешуд. Он аз даспона, қисмати сӯрохдор барои макидан, ки дохили он кӯфтаи ширинӣ меандохтанд, ва занҷира иборат аст", - омадааст дар хабарнома.

Мувофиқи маълумотҳо аз сомонаи интернетӣ яке аз чунин даспонаи бачагонаи тиллогини бо сангҳои фирӯза оро ёфта дар Осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, ба асри XIX мансуб мебошад.

Ҳамчунин дар қатори дигар ашёҳои харидорӣ гардида обдони мунаққаш (фляга) харидорӣ гардид, ки бо санъати баланди ҳаккокӣ қисмати рӯяш оро ёфтааст.

581
Барчаспҳо:
осорхона, Тоҷикистон, Суғд
Руки задержаного в наручниках, архивное фото

Ошкор шуд, кӣ аз корхонаи “Дуоб” 40 ҳазор долларро дуздид

39
(Таҷдидшуда 12:15 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони милитсия марди 43 соларо, ки дар дуздии корхонаи ҶДММ “Дуоб” гумонбар медонанд боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард нафаре, ки аз корхонаи ҶДММ “Дуоб”  30 ҳазор доллару 40 ҳазор сомонӣ дуздӣ кард боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия, ҳангоми гузаронидани як амалиёти махсус марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

Гуфта шудааст, ки номбурда, моҳи январи соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуоб”, воқеъ дар кӯчаи Машъал, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

39
Барчаспҳо:
корхона, гумонбар, дуздӣ, боздошт, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Свечка, архивное фото

Марги боз як афсари тоҷик: подполковиник Мӯминҷон Раҳимзода даргузашт

355
(Таҷдидшуда 11:13 01.06.2020)
Мӯминҷон Раҳмизода, подполковники милитсия ва сардори Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Панҷакент аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Манобеъ аз мақомоти милитсия бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Раҳимзода дар бемористони сироятии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд табобат мегирифт, аммо аз коми беморие, ки ба ӯ дарафтод раҳо ёфта натавонист ва аз ин дунёи фонӣ реҳлат кард.

“Ӯ ҳамагӣ 36 сол дошт, вале дар кори пешакардаи худ рағбати зиёд дошт. Сатҳи одобу ахлоқаш низ хеле баланд буд ва ҳамеша бо ҳамкорон бо самимият муносибат мекард”, - гуфт манбаъ.

Ин манбаъ дар бораи бемории Раҳмизода изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, эҳтимол марҳум аз хуруҷи “бемории сироятӣ” даргузашт, зеро дар бемористони сироятии Хуҷанд, ҳоло беморон барои гирифтори ин навъ беморӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Мӯминҷон Раҳмизода, 13-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, ахиран дар мақомоти милитсия ба вазифаи сардори Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Панҷакент таъин карда шуд.

Баъзе аз дӯстонаш бо нашри хабари даргузашти Раҳимзода, дар ҳаққи марҳум дуои хайр карда, барои пайвандонаш изҳори тасаллият арз намудаанд.

 Даргузашти подполковник Раҳимзода, дар ҳолест, ки ахиран аз мусибати ҷуброннопазири фавти ду бародар собиқ кормандони мақомоти милитсия дар оилаи Искандарзодаҳо дар вилояти Хатлон иттилоъ дода мешуд.

Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори пешини Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бародараш, Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб дар тули ду ҳафтаи охир ҷон ба ҷонофарин супориданд.

 Пештар аз даргузашти ин ду бародар, собиқ кормандони мақомоти милитсия, Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон айни даврони бознишастагӣ даъвати ҳақ пайвастанд.

355
Барчаспҳо:
Рёсати мубориза бо ҷинояти мутташакили ВКД, Афсар, даргузашт, Панҷакент, милитсия, Тоҷикистон