Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 18 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона  8-13 дараҷа сард мешавад, - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.    Туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0