Ҷашнҳои рӯзи 19 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас ЭтвешДень 19 декабря
День 19 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи нуздаҳуми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯмак ба камбизоатон ва дар Украина Рӯзи адвокатура ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 19 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Cоли 1909 клуби футболи "Боруссия" таъсис дода шуд.

Соли 1991 охирин маротиба ордени Ситораи Сурх супорида шуд.

Соли 1866 аввалин маротиба дар Россия Агентии телеграфии русӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 19 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

Соли 2014 дар ноҳияи Данғара бо иштироки  Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.

День 18 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 18 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 иштирок намуданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе семинари "Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ" баргузор гардид.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии лоиҳаи нави "Ҳифзи фарҳанги мусиқии анъанавӣ ба воситаи иштироки ҷомеаи маҳаллӣ" доир шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мавзўи "ВАО-и русзабон дар шароити ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон" конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Соли 2016 калонтарин ҳавопаймои вақти Тоҷикистон — Boeing 767300  ба парвоз шурӯъ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 19 декабр

  •  Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон.
  • Дар Украина- Рўзи адвокатура.

Рӯзи 19 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1918 – Ҳунарманди театр ва синамо, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова.

Соли 1927  – олим, мунаққид, корманди шоистаи фарҳангии ҶШС Тоҷикистон ва РСФСР Шавкат Ниёзӣ.

Соли 1941  – оҳангсоз Аъзам Солеҳов.

Соли 1954  – нависанда, рӯзноманигор Мансур Суруш

Соли 1955  – доктори илмҳои техникӣ Ҳайдар Одинаев

Соли 1956  – ходими шоиста  Саёҳат Неъматова

Лентаи хабарҳо
0