Доллары на блюде

Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи молӣ бо Бонки рушди Исломро тасвиб кард

125
(Таҷдидшуда 01:47 19.12.2019)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи молӣ бо Бонки рушди Исломӣ дар заминаи беҳдошт ва хадамоти беҳдоштӣ ба модар ва кӯдакро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи давлати ин кишвар ва Бонки Тавсеаи Исломӣ дар заминаи беҳдошт ва хадамоти беҳдоштӣ ба модар ва кӯдакро дар 4 минтақаи устони Хатлон тасвиб кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазорати молияи Тоҷикистон, санади мазкур дар моҳи августи соли ҷории мелодӣ аз сӯи 2 тараф ба имзо расид.

Ин тарҳи бозсозӣ ва таҷҳизи амокини беҳдоштӣ дар 4 минтақаи устони Хатлони Тоҷикистон, аз ҷумла навоҳии Балҷувон, Данғара, Муъминобод ва Норакро мадди назар дорад. Тибқи изҳороти Маҷидӣ, маблағи куллии ин проект 27 миллион доллар аст, ки 14.5 миллион доллар аз он ба унвони вом ва 8.5 миллион доллари дигар ба шакли кумаки билоиваз дар ихтиёри тарафи тоҷик қарор мегирад.

Замони бозпардохти қарзи Бонки Рушди Исломӣ 20 сол аст.

Саҳми давлати Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳ ҳудуди 3 миллион доллар аст. Замони иҷрои ин тарҳ солҳои 2019 -2025 пешбинӣ шудааст.

125
Барчаспҳо:
кӯдак, беҳдошт, тавофуқнома, Бонк, Тоҷикистон