Шермуҳаммади Шохиён, Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, Маҳмадалӣ Ватанзода дар маросими таҷлили Рӯзи милитсия

Ватанзода: фақр яке аз далоили аслии муваффақияти гурӯҳҳои террористӣ мебошад

440
(Таҷдидшуда 02:05 19.12.2019)
Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ҷумҳурӣ аз он нигарон аст, ки гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва минтақаҳои марзии Тоҷикистон ҳукумати мустақил шакл диҳанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Муҳаммадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амният миллии Тоҷикистон, ки дар дувумин конфронси гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон суханронӣ кард гуфт, амнияти Афғонистон бо амнияти кишварҳои минтақа,  ба хусус бо кишварҳои  ҳамсоя вобаста мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба “Форс”.

Муҳаммадалӣ Ватанзода ҳамчунин гуфт, ки бояд бо ҳамкории ҷамъӣ ба беш аз 40 соли ҷанг ва ноамнӣ дар Афғонистон поён дода шавад.

Вай бо ибрози нигаронӣ аз тавсеаи гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, ин рухдодро таҳдиде рӯ ба афзоиш барои амнияти Осиёи Марказӣ зикр кард.

“Бо таваҷҷуҳ ба густариш ва тасбити ҳузури ин гурӯҳҳо дар шимоли ин кишвар, эҳтимоли шаклгирии ҳукумати мустақил аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақа ҷиддӣ аст” – афзуд вай.

Ватанзода зикр кард, ки фақр ва тавсеанаёфтагӣ яке аз далоили аслии муваффақияти гурӯҳҳои террористӣ дар сарбозгирӣ аз мардуми минтақа ва афзоиши нуфузи онҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон аст.

Дувумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ҳузури дабирон ва мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон имрӯз субҳ (чаҳоршанбе) дар Теҳрон оғоз шуд.

440
Барчаспҳо:
марз, муваффақият, террористӣ, нигаронӣ, Афғонистон, ҷумҳурӣ, Шӯрои амният, Тоҷикистон
Новая эстакада в Душанбе

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

9
(Таҷдидшуда 12:55 13.08.2020)
Эстакадаи сесатҳа, ки дар шаҳри Душанбе тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, мушкилоти мавҷударо коҳиш дода натавонист

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мушкилоти умдатарин дар роҳҳои мошингарди пойтахт, ин тамбашавии нақлиёт ва нақзи қавонини ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад.

РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо вуҷуди ба истифода додани эстакадаи сесатҳа, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно дар ҷойҳои муқаррарнашуда мусофиронро мефароранд ва ё савор мекунанд.

Манбаъ меафзояд, бо ҳамин кори худ ронандагон ҳолати садамавиро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон ҷони мусофиронро дар хатар мемонанд.

Дар навор қонуншиканиҳои ронандагони мусофирон баръало нишон дода шудааст.

Мусофироне, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда аз нақлиёт берун мешаванд, гулгаштҳои сари роҳро зер намуда, меҳнати нафароне, ки дар ободии пойтахт саҳмгузорӣ мекунанд, поймол менамоянд.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар ҳамин ҳол, ронандагон иллати манъ кардан дар чунин ҷойҳоро бори мусофирон мекунанду мусофирон бошанд ҳамаи айбро ба ронандаҳо ҳавола мекунанд.

Зимнан, кормандони БДА бо ронандагону мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, барои дигарбора содир накардани ин амалашон ба онҳо ҳушдор доданд.

Гузашта аз ин, даҳҳо ронандагон барои таваққуф кардани дар ҷойҳои муқаррарношуда ҷаримабандӣ шуданд.

9
Барчаспҳо:
навор, пиёдагард, ронанда, қонуншиканӣ, Душанбе, БДА
Сломанный велосипед, архивное фото

Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд

42
(Таҷдидшуда 12:16 13.08.2020)
Сокини 60 - солаи ноҳияи Ашт, ки савори дучарха буд, зери чархи автомашинаи номаълум монда, ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кормандони пулис ахиран ронандае, уи дучархаронро дар ноҳияи Ашт пахш карда фирор намуд, боздошт карданд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 12 - уми август тахминан соати 05:25 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон, Нурматов Ҷамолиддини 60 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст". - таъкид мешавад дар хабар.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, Нурматов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Зимнан, кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Тураев Дилшодҷони 20 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ҳамин ноҳия содир намудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

42
Барчаспҳо:
ҳалок, дучархарон, садама, Ашт