Эмомалӣ Раҳмон ду судяро барои паст задани шаъну эътибори судяҳо аз кор озод кард

1870
(Таҷдидшуда 11:47 19.12.2019)
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармонеро содир кард, ки дар он ду судяи шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои паст задани шаъну эътибори судяҳо аз кор озод шуданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи озод намудани ду судяи шаҳри Гулистони вилояти Суғдро ба тасвиб расонд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст. 

Тибқи фармони мазкур Ёдгорзода Наргис Юнусӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Гулистони ва Насриддинзода Муродбек Бӯрибой аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шуданд.

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ёдгорзода Наргис Юнусӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Насриддинзода Муродбек Бӯрибой аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд”, - гуфта шудааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, ки моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ аз фаъолият ва сатҳи дониши пасти судяҳо изҳори нигаронӣ кард.

Раисҷумҳур таъкид намуда, ки раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд барои баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин, одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро низ ба эътибор гиранд.

“Бори дигар таъкид менамоям, ки судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад” – гуфт раисҷумҳур.

 

1870
Барчаспҳо:
Суғд, Гулистон, судяҳо, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон