Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото

Рустами Эмомалӣ мири шаҳри Душанбе 32 сола шуд

376
(Таҷдидшуда 12:48 19.12.2019)
Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ва писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 32 сола шуд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар асоси маълумоти Википедия, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар рӯзи 19-уми декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Рустами Эмомалӣ дорои маълумоти олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон ва ҳамчунин соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро сар аз соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Рустами Эмомалӣ дар маркази Душанбе дарахтони хориҷӣ шинонд - акс

То замони раиси шаҳри Душанбе таъин шуданаш Рустами Эмомалӣ дар як қатор вазифаҳо дар сохторҳои давлатӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 2011—2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2012—2013 муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 2015 то январи соли 2017 дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа дошт.

Аз 12 январи соли 2017 бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва Раиси шаҳри Душанбе таъйин карда шудааст.

Нахустин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ: шаҳрдор дар Узбакистон чиро тамошо кард - акс

Рустами Эмомалӣ аз шумори камтарин мансабдорони ҷавон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар балантарин мансаб-шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон баргузида шудааст.

Барои хизматҳои шоёнаш дар рушду пешрафти шаҳрдорӣ, соли 2018 ба ӯ Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 тақдим карда шуд. Рустами Эмомалӣ ҳоло Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад ва ин вазифаи ҷамъиятиро сар аз соли 2012 пеш мебарад.

376
Барчаспҳо:
зодрӯз, Рустами Эмомалӣ