Сейсмический график, архивное фото

Тоҷикистонро заминҷунбии 4 балла такон дод

431
Дар Тоҷикистон имрӯз соати тақрибан 16:39 дақиқа заминҷунбии 4 балла такон дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Пас аз зӯҳри имрӯз, тақрибан соати 16:39 дақиқа дар Тоҷикистон замин ҷунбид.

Ба иттилои расонаҳо, макони заминҷунбӣ дар 246 км дуртар аз маркази ҷумҳурӣ  шаҳри Душанбе дар ҳамсоякишвари Афғонистон рух дод.

Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он Ҷумҳурии Афғонистон  ба 6 дараҷаи рихтер баробар будаст.

Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

 Дар шаҳри Душанбе бошад шиддати заминҷунбиро ба 4 дараҷа арзёбӣ намуданд. Аксари сокинони дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ларзиши замин дода, афзудаанд, ки давомнокии он чандон дароз намуда, барои чанд муддат хонаҳояшонро ларзонд.

Феълан маълумоти бештар бобати талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон рӯи даст нест.

Дар Тоҷикистон бошад заминҷунбии мазкур бе ягон хисорот анҷомид.

431
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

1
Тибқи фармони раисҷумҳур аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба наздикони муҳоҷироне, ки бесаробон мондаанд, кӯмакпулӣ дода мешавдад. Дар ин дастури президент чанд гурӯҳи дигаре номбар шудаанд, ки аз кӯмаки давлат бархурдор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 5 июн фармонеро ба имзо расонида дастур додааст, ки ба як гурӯҳ сокинони ҷумҳурӣ бино бар вазъи баамаломада дар пайи пандемияи коронавирус кӯмакпулӣ расонида мешавад.

Бино бар фармони президент, кӯмакпулӣ яквақта ва ба ҳаҷми як маоши ҳадди ақал аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дода хоҳад шуд.

Киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

"Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакпулӣ расонида шавад", - омадааст дар фармони президент.

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст.

 

 

 

1
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

139
(Таҷдидшуда 12:48 05.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ 0.1480 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1550 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2793 то 10.2900 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5570 то 11.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1480 то 0.1550 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2793 сомонӣ, 1 евро – 11.5570 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1480 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

139
Барчаспҳо:
қурби асъор, арзиши рубли русӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон