Ҳунарнамоии Чоршанбе Аловатов дар озмуни Ҷоизаи мусиқии Боб 2019

Видеои ҳунарнамоии пирӯзиовари Чоршанбе дар финал ва шоҳҷоизаи 1,6 миллион рублӣ

5395
(Таҷдидшуда 00:07 23.12.2019)
Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик дар пайи овоздиҳии сокинони Осиёи Марказӣ ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тенгеи қазоқӣ, муодили беш аз 1,6 миллион рубли русӣ эълон гардид

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Чоршанбе Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia Got Talent дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ дониста шуд. Ӯ дар пайи эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ дар чор кишвари минтақа ва муаррифияш ба ҳайси ғолиби асосӣ ба ҳамаи ҳаводорон, наздикон ва модараш изҳори сипос гуфт.

"Ой, ҳатто намедонам, чӣ гӯям. Мехоҳам миннатдориямро ба ҳамаи онҳое, ки паёмак фиристоданд, ба наздиконам, ба модарам, ки ин ҷо ҳузур доранд, баён кунам. Ҳамаатонро дӯст медорам. Тоҷикистон ба пеш", - изҳор дошт Чоршанбе Аловатов.

Аловатов дар даври ниҳоии озмуни минтақавии истеъдодҳо суруди попурӣ - аввал ба забони итолиёвӣ баъд ба забони тоҷикӣ хонд.

 Ӯ ғолиби асосӣ дар сатҳи минтақавӣ эълон гардид. Дар бахши овоздиҳии дохили кишварҳо аз Тоҷикистон гуруҳи рақсии "Падида" пирӯз шуд. 

5395
Барчаспҳо:
озмуни овозхонӣ, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон