Продавец в магазине считает сдачу

Дар вилояти Хатлон барои маҷбуран ситонидани қарзи андоз беш аз ду ҳазор қарор қабул шуд

782
(Таҷдидшуда 09:47 23.12.2019)
Мақомоти вилояти Хатлон эълон намудааст, ки дар 11 моҳи соли равон дар вилоят беш аз ду ҳазор қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 99,6 миллион сомонӣ қабул шуд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, дар 11 моҳи соли равон  аз ҳисоби андоз ба буҷет 1 миллиарду 327 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Манбаъ қайд намудааст, ки вилояти Хатлон нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз таъмин шудааст.

“Ин нишондиҳанда нисбати нақша 427 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 миллион сомонӣ зиёд мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.   

Қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба беш аз 176 миллион сомонӣ расид

Мақомоти вилояти Хатлон зикр намудааст, ки дар ин раванд саҳми мақомоти вилоят ва сохторҳои дахлдори иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Норак, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ ва Носири Хусрав назаррас аст.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштаааст, ки иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои  зикргардида имкон хоҳад дод, маблағҳои барзиёдро ба корҳои ободонии маҳал равона намоянд. 

Инчунин манбаъ афзудаааст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ, азнавбаҳисобгирии субъектҳои андозсупор ва дарёфти манбаъҳои дигари андозситонӣ, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 3,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

“Дар давраи ҳисоботӣ 2767 адад қарорҳои таъсиррасонӣ ва маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 99,6 миллион сомонӣ қабул шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 72,4 миллион сомонӣ ворид гардид”, - қайд кардааст мақомоти вилояти Хатлон.

Дар ҳамин ҳол, бақияпулиҳои андоз 173,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2019 ба андозаи 9,3 миллион сомонӣ кам карда шуд.

782
Барчаспҳо:
сомонӣ, қарз, қарор, андоз, мақомот, Хатлон
Новая эстакада в Душанбе

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

3
(Таҷдидшуда 12:55 13.08.2020)
Эстакадаи сесатҳа, ки дар шаҳри Душанбе тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, мушкилоти мавҷударо коҳиш дода натавонист

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мушкилоти умдатарин дар роҳҳои мошингарди пойтахт, ин тамбашавии нақлиёт ва нақзи қавонини ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад.

РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо вуҷуди ба истифода додани эстакадаи сесатҳа, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно дар ҷойҳои муқаррарнашуда мусофиронро мефароранд ва ё савор мекунанд.

Манбаъ меафзояд, бо ҳамин кори худ ронандагон ҳолати садамавиро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон ҷони мусофиронро дар хатар мемонанд.

Дар навор қонуншиканиҳои ронандагони мусофирон баръало нишон дода шудааст.

Мусофироне, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда аз нақлиёт берун мешаванд, гулгаштҳои сари роҳро зер намуда, меҳнати нафароне, ки дар ободии пойтахт саҳмгузорӣ мекунанд, поймол менамоянд.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар ҳамин ҳол, ронандагон иллати манъ кардан дар чунин ҷойҳоро бори мусофирон мекунанду мусофирон бошанд ҳамаи айбро ба ронандаҳо ҳавола мекунанд.

Зимнан, кормандони БДА бо ронандагону мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, барои дигарбора содир накардани ин амалашон ба онҳо ҳушдор доданд.

Гузашта аз ин, даҳҳо ронандагон барои таваққуф кардани дар ҷойҳои муқаррарношуда ҷаримабандӣ шуданд.

3
Барчаспҳо:
навор, пиёдагард, ронанда, қонуншиканӣ, Душанбе, БДА
Сломанный велосипед, архивное фото

Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд

35
(Таҷдидшуда 12:16 13.08.2020)
Сокини 60 - солаи ноҳияи Ашт, ки савори дучарха буд, зери чархи автомашинаи номаълум монда, ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кормандони пулис ахиран ронандае, уи дучархаронро дар ноҳияи Ашт пахш карда фирор намуд, боздошт карданд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 12 - уми август тахминан соати 05:25 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон, Нурматов Ҷамолиддини 60 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст". - таъкид мешавад дар хабар.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, Нурматов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Зимнан, кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Тураев Дилшодҷони 20 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ҳамин ноҳия содир намудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

35
Барчаспҳо:
ҳалок, дучархарон, садама, Ашт