Здание Национального банка РТ, архивное фото

Шанбеву якшанбе ҳам кор: Бонки миллӣ аз тамдиди рӯзҳои кории ташкилотҳои қарзӣ эълон кард

198
(Таҷдидшуда 17:25 23.12.2019)
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ фаъолият хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудаанд, ки то охири моҳи декабри соли равон филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ фаъолият хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонк.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин иқдом бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва сари вақт гирифтани интиқолҳои пулӣ сурат гирифтааст.

“Ташкилотҳои қарзиро зарур аст, дар сарбонк ва муассисаҳои зертобеашон (филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ), ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо, гирду атрофи бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои сераҳолӣ ҷойгиранд, то охири моҳи декабри соли 2019-ро рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои корӣ эълон намуда, ба кор баромадани кормандони бо анҷомдиҳии амалиёти интиқолӣ ва мубодилавӣ машғулбуда ва хазинадоронро,таъмин намоянд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.

198
Барчаспҳо:
фаъолият, шанбе, хизматрасонӣ, филиал, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Мотам дар "Амонатбонк": Зариф Ҷӯраев даргузашт

73
(Таҷдидшуда 18:43 29.10.2020)
Зариф Ҷӯраев, мудири филиали бонки давлатии "Амонатбонк" дар шаҳри Бӯстон дар синни 49 - солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Манобеи мӯътамад аз Бонки давлатии "Амонатбонк" дар вилояти Суғд бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҷӯраев дар Бемористони марказии шаҳри Бӯстон аз бемории "илтиҳоби шуш" табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим кард.

"Он кас аз мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ буд. Хабари даргузашти Зариф Ҷӯраев моро беихтиёр андуҳгин намуд. Ба аҳли пайвандон ва дӯстонашон сабри ҷамил мехоҳем", зикр намуд манбаъ.

Зариф Ҷӯраев, 15 ноябри соли 1973 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи муосири шаҳри Маскав (РОСНОУ) мебошад.Ӯ солҳои зиёд дар шуъбаҳои бонки давлатии амонатгузории кишвар "Амонатбонк" фаъолият намудааст. Аз ҷумла, то соли 2018, мудири филиали "Амонатбонк" дар Хуҷанд буд.

Дар оғози соли 2019, бо фармони сардори Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мудири ин бонк дар вилояти Суғд таъйин шуд ва дар ин мақом ҳудуди ҳашт моҳ фаъолият кард.

Набӣ Шораҳмонов даргузашт: иллати марги ӯ номаълум аст

Аз моҳи феврали соли ҷорӣ, мудири "Амонатбонк" дар шаҳри Бӯстон буд. Онҳое, ки бо Зариф Ҷӯраев ҳамроҳ кор кардаанд, аз ӯ ба унвони як мутахассиси варзидаи соҳаи бонкдорӣ ёд намуда, даргузашти ӯро як талафоти бузург дар "Амонатбонк" арзёбӣ мекунанд.

73
Барчаспҳо:
даргузашт, мудир, "Амонатбонк", Бӯстон
Мечеть Нур-Астана в Нур-Султане.

Масҷидҳои Қазоқистон барои намозҳои панҷвақта боз мешавад: бо ниқоб ва фосила

37
(Таҷдидшуда 17:07 29.10.2020)
Дар масҷидҳои Қазоқистон гузоштани намозҳои панҷвақтаи дастаҷамъӣ иҷозат дода шуд. Намози ҷумъа бошад, то ҳол бо сабаби карантина мамнӯъ аст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Дар Қазоқистон таҳти роҳбарии сарвазири ин кишвар Аскар Мамин ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 баргузор гардид, менависад primeminister.kz.

Дар ҷараёни ҷаласа қоидаҳои нави фаъолияти масҷидҳо ва театрҳо эълон карда шуданд, ки аз 2 ноябр татбиқ карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, сар аз 2 ноябр ба масҷидҳо иҷозаи намозҳои панҷвақта дода мешавад.

Дар баробари ин, таъкид шудааст, ки ҳангоми намоз набояд беш аз 100 нафар намозгузорон дар толор ҳузур дошта бошанд.

Гуфта мешавад, намозгузорон ҳама бо ниқоб оянд ва миёнашон бояд ду метр фосила бошад.

Намози ҷумъа бошад ҳанӯз ҳам манъ аст.

Дар баробари масоҷид, кори театрҳо низ муҳокима шуда, зикр шудааст, ки толорҳо бояд то 30% пур карда шаванд - на бештар аз 100 тамошобин. Дар ин ҷо низ бояд масофаи иҷтимоӣ риоя карда шавад.

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

Хотиррасон мекунем, ки қаблан театрҳо иҷозат доштанд, ки толорро 50% пур кунанд – тамошобинон як курсӣ пас бишинанд.

Дар Тоҷикистон низ бинобар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дари масоҷид ҳанӯз пӯшида аст.

Мақомоти тоҷик низ дар бораи кай боз шудани он ҳоло иттилое ироа накарданд.

 

37
Барчаспҳо:
макони ибодати мусулмонон, мусалмонон, намозгузорон, масҷидҳо, Қазоқистон