Город Душанбе, архивное фото

Обуҳавошиносон: обуҳаво пойтахт то 14 дараҷа гарм мешавад

45
(Таҷдидшуда 10:55 25.12.2019)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон кардааст, дар ҷумҳурӣ имрӯз ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳавои пойтахт то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-13  дараҷа хунук ва  рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  шабона дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Рӯзона ҳавои бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 11-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  8-13 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад.    Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва   рӯзона   0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.    Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

45
Барчаспҳо:
гармо, ҳаво, ҷумҳурӣ, Тоҷикистон, обу ҳаво