Отключение питьевой воды. Архивное фото

Сокинони Хатлон бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд: АБР 58 миллион доллар ихтисос дод

63
(Таҷдидшуда 18:08 25.12.2019)
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 25 декабр, созишномаи байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" -ро дар бораи лоиҳаи "Таъмини об ва беҳдошт дар деҳот" якдилона тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Созишнома, ки барои татбиқи он АБР ба маблағи 58 миллион доллар ҳамчун грант ҷудо мекунад, беҳбуди вазъро дар таъминоти оби нӯшокӣ дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон пешбинӣ мекунад.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа, ки то соли 2025 ба итмом мерасад, беш аз як миллион нафар сокинони вилояти Хатлон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд, гуфт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни ҷаласа.

Манбаъ афзуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеи вилояти Хатлон бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонии обу беҳдошт таъмин мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати "Сиёма" -ро ифтитоҳ кард - акс

Илова бар ин, имрӯз намояндагони интихобшуда созишномаро, ки тобистони соли равон миёни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Истеҳсолоти хоҷагии манзилию коммуналии деҳаи Ёвон" ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар ноҳияи Ёвон" ба имзо расидаанд, ба тасвиб расониданд.

Ба гуфтаи раиси Вазорати молияи Тоҷикистон, барои иҷрои ин тарҳ, БАТР тахминан 2 миллион доллар ҳамчун грант ҷудо мекунад.

63
Барчаспҳо:
грант, оби ошомиданӣ, Хатлон