Президент РФ В. Путин принял участие в заседании расширенной коллегии Минобороры РФ

Сергей Шойгу: баъд аз ду сол системаи “С 300” ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад

438
(Таҷдидшуда 01:42 26.12.2019)
Вазири дифои Русия эълон кард, ки системаи дифои ҳарими ҳавоии “С – 300” –ро то ду соли дигар дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сергей Шойгу , вазири дифои Русия эълом кард, то ду соли дигар, пас аз омӯзиши мутахассисони тоҷик, Русия метавонад системаи дифои ҳарими ҳавоии “С – 300” –ро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор диҳад.

Сергей Шойгу, гуфт зерсохтҳои низомӣ пойгоҳҳои низомии Русия дар хориҷ ба таври фаъол дар ҳоли тавсеа қарор доранд, гуфт, дар соли равон дар пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон системаи дифои ҳарими ҳавоии “С – 300” насб шуд.

Вай афзуд, пас аз омӯзиши мутахассисони тоҷик, баъд аз ду сол ин системаи дифои ҳарими ҳавоии метавонад дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки системаи дифои ҳарими ҳавоии “С – 300”, ки шомили 30 қитъа таҷҳизот, аз ҷумла пости фармондеҳӣ, шабакаи нишонгирӣ, партобгарҳо, радар ва васоили нақлияи пуштибонӣ аст, аз анбори таҷҳизоти минтақаи маркази низомии Вазорати дифои Русия дар соли ҷории равон тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон мунтақил шуд.

438
Барчаспҳо:
Сергей Шойгу, мушак, дифоъ, Тоҷикистон, Русия