Транзити коло аз Тоҷикистон аз тариқи бандарҳои Эрон

182
(Таҷдидшуда 17:28 26.12.2019)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон метавонад аз тариқи бандарҳои Эрон молу колоҳои худро ба кишварҳои хориҷ содир намояд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.  Ба гузориши Sputnik Эрон , Муҳаммад Тақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар ҷараёни як форум дар шаҳри Душанбе гуфт,  Эрон масири транзитии хубе барои содироти маҳсулоти Тоҷикистон аст ва колоҳои истеҳсоли Тоҷикистон метавонад аз тариқи бандарҳои тиҷорати дарёии ин кишвар ба кишварҳои дигар мунтақил шавад.

Сафири Эрон хотирнишон кард: “дар робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон як пули тиҷории қавӣ эҷод шудааст,ки дар хидмати эҷоди фазои муносиб барои сармоягузорӣ барои бозаргонони эронӣ ва густариши иртибототи тиҷорӣ аст”.

Душанбе пеш аз ин қасди худро барои транзити маҳмулаҳои худ аз тариқи бандари эронии Чобаҳор воқеъ дар ҷунуб шарқи Эрон эълом карда буд.Чашмандози истифода аз ин бандар барои транзити колоҳои Тоҷикистон дар нишасте байни Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Сироҷиддин Муҳиддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар  Теҳрон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи омор, дар панҷ соли гузашта, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба Тоҷикистон ва Эрон аз 295 миллион доллар дар соли 2013 ба 97 миллион дар соли 2018 коҳиш ёфтааст.

182
Барчаспҳо:
хориҷ, молу коло, коло, транзит, Эрон, Тоҷикистон