Город Душанбе, архивное фото

Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

370
(Таҷдидшуда 09:46 27.12.2019)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 18 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. 

Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз  самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва   рӯзона   3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.    Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-10  дараҷа хунук ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

370
Барчаспҳо:
обу ҳаво, Тоҷикистон