Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин

Сироҷиддин Муҳриддин бо Лучиано Калестини мулоқот кард

49
(Таҷдидшуда 16:32 27.12.2019)
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Имрӯз, 27 декабр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак суҳбат кардаанд.

"Аз ҷумла ҳамкорӣ дар баргузории анҷумани кӯдакон дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” табодули назар карданд", - омадааст дар хабарнома.

Сироҷиддин Аслов бо мудири ЮНИСЕФ мулоқот кард

Ёдрас мешавем, ки моҳи марти соли 2018, дар доираи сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари нави ин сохтори СММ хонум Ҳенриетта Форе доир гардида буд.

Кӯдакони "беному нишон" - и Тоҷикистон соҳиби ҳуҷҷат шуданд - гузориши аксӣ

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзу рушди кӯдакон, таълим ва баробарии гендерӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

49
Барчаспҳо:
Сироҷиддин Аслов, ВКХ, Тоҷикистон