Хлопушки, архивное фото

Ҳабс ё ҷарима: боздошти 4 донишҷӯ барои интиқоли "хлопушка" ба Душанбе - навор

246
(Таҷдидшуда 14:50 28.12.2019)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 донишҷӯи донишгоҳҳои Душанбе хабар медиҳад, ки миқдори зиёди маводи тарфгариро аз вилояти Суғд ба маркази ҷумҳурӣ интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Донишҷӯёнро кормандони милитсия санаи 24 - уми декабр дар ҳоле боздошт намуданд, ки онҳо миқдори зиёди маводи тарфгариро аз Суғд ба Душанбе интиқол дода, дар азми ба фурӯш баровардани он буданд.

Раёсати умури дохилӣ хабар медиҳад, ки кормандони милитсия  Шарипов Ҳоҷибобо донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Холматов Шероз ва Шералӣ донишҷӯёни курси 3 ва 2 - юми Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва  Зокиров Далер донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон  дастгир намуданд.

"Номбурдагон миқдори зиёди маводҳои пиратехникиро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мақсади ба фурӯш гузоштанро доштанд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд,  нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Милисаҳо аз ҷавони 18-сола 4 ҳазору 800 дона "хлопушка" мусодира карданд

Мувофиқи талаботи моддаи мазкур , нисбати чунин шаҳрвандони ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Бояд гуфт, ки милитсияи пойтахт аз авали моҳи декабр то ба имрӯз дар якчанд ҳолат зиёда аз 400 хозор дона маводхои гуногуни тарфгариро аз муомилот боздоштанд.

246
Барчаспҳо:
боздошт, донишҷӯ, Душанбе