ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аловатов мегӯяд, аз хабарҳои таҳрифшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳолати шок қарор дораду мехоҳад ба масъалаи рафтанаш аз кор дар Оркестри симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳур рӯшанӣ андозад.
“Ман воқеан дар Орекстри симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳур кор мекардам ва воқеан ба далели корҳои шахсиям натавонистам дар консертҳо иштирок кунам. Ин то озмун буд ва ба он ҳеч рабте надорад”, - изҳор доштааст Аловатов.
Ӯ афзудааст, ки моҳи август ба рухсатии меҳнатӣ баромада, барои давраи баъдӣ ихтиёран аризаи аз кор рафтанро ироа кардааст, аммо бо ҳайати ҳамкорон муносиботи хубро ҳифз кардааст.
“Ҳанӯз то пирӯзӣ дар озмун маро дубора даъват карданд, аммо ман рад кардам, чун иштирок дар озмун талошу тамрини зиёд металабад ва ман мехостам, бештар машқ кунам. Бо ин қисса тамом”, - изҳор доштааст овозхон.
Аловатов гуфтааст, хеле маҳзун аст, ки пирӯзияшро барои ҷудоандозӣ истифода кардаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки фарҳанг бояд муттаҳид кунад ва аз он изҳори хурсандӣ кардааст, то ҷое дар ин самт муваффақ шудааст. Вай илова намудааст, ки агар дар оянда низ чунин як озмуне шавад, ҳатман Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.
Чоршанбе Аловатов ахиран дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Миёна, Central Asia's Got Talent дар Қазоқистон пирӯз гардида, соҳиби шоҳҷоизаи 26 ҳазор долларӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шуравӣ, актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдуразоқов аз даргузашт. Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд.
Ӯ рӯзи 19-уми январ дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик пас аз марги худ як силсила филмҳоеро боқӣ мондааст, ки миёни тамошобинон маҳбубияти зиёде дошт. Ин филмҳо ба фонди тиллоии киноматографи Иттиҳоди Шуравӣ ва тоҷик дохил шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон наворҳои беҳтарин нақшҳои Ҳабибулло Абдуразоқовро ҷамъ овардааст.
Дар филме, ки аз рӯи асари нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ "Марги судхӯр", ки соли 1966 ба навор гирифта шуда буд, Абдуразоқов яке аз нақшҳои асосӣ – Баҳриддинро бозӣ кард.
Маҳз ҳамин нақш дар филми коргардон Тоҳир Собиров ба Абдуразоқов шӯҳрати овард ва пас аз ин филм дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат пайдо кард.
Дар филм дар бораи Қори ишкамба инчунин Зоҳир Дусматов, Ато Муҳамаҷонов, Абдураҳим Кудусов, Сановбар Бақаева, Алигер Хоҷаев ва дигар ҳунармандони тоҷик нақш офаридаанд.
Дар ин филме, ки соли 1973 рӯи саҳна баромад Ҳабибулло Абдуразоқов яке аз нақҳои асосиро бозӣ кардааст.
Филми аз чанд қисмат иборат буд, дар бораи сарнавишти чаҳор нафар: Ҳайдар (Абдуразоқов), Давлят, Наим ва Гулшани зебо, ки дар деҳаи кӯҳистони Тоҷикистон ба дунё оаданд, нақл мекунад.
Ин филм дар бораи дӯстист, ки бо дар зиндагӣ имтиҳонҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад.
Тибқи нақша, дӯстон Гулшанро, ки Давлат дусташ медорад аз арусӣ бо як шавҳари сарватманд наҷот медиҳад, ва ӯро ба самти шаҳр мебаранд.
Дар соли 1976, Ҳабибулло Абдуразоқов боз дар як филми дустдоштаи мардуми тоҷик нақш бозӣ кард. Ӯ дар филме, ки аз рӯи асари "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ филмбардорӣ шудааст, нақш офарид.
Ин филм аз сӯи коргардон Борис Кимягаров таҳия шуд ва то ҳол миёни мардуми тоҷик маҳбубияти зиёд дорад.
Филми шашқисматии соли 1985 "Ҷура - шикорчӣ аз Мин-Архар" -ро чандин насли тамошобинони Тоҷикистон тамошо карданд.
Дар ин филм Абдуразоқов нақши Юсуф яке аз босмачиёни қурбаширо бозӣ кардааст.
Тибқи нақшаи филм, сардори қочоқчиён ва Босмачиён, ҳамчунин шарики ҷосусони Бритониё, кӯшиш мекунад ба истиқрори ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон халал расонад.
Абдуразоқов дар хотири мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ боз бо бозии як нақши дигар мондааст - сардори қатор Саидов дар филми детективии “Қатори иловагӣ ба роҳи дувум мерасад”. Ин филм соли 1986 рӯи саҳна баромад ва коргардонҳои он Валерий Аҳадов ва Сайидо Қурбонов буданд.
Тибқи нақшаи филм дар қатори Душанбе-Маскав ҷасади яке аз мусофирон пайдо мешавад.
Кофтукоби ҷинояткор, ки дар дохили қатор аст бар души майори милитсия Денисов ва капитани милисаи тоҷик Қурбонов гузошта мешавад.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ёдгор Файзов, риси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Раҳим Садоншоев, роҳбари Раëсати минтақавии "Мегафон Тоҷикистон” дар ВМКБ мулоқот кард.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов алоқаи мобилии ширкати мобилии Мегафон дар вилоятро қаноатбахш арзëбӣ намуд. Манбаъ афзуд, ки раиси ВМКБ барои таъмини деҳаҳои дурдасти вилоят бо алоқаи мобилӣ ба масъулини ширкати мазкур изҳори сипос баëн намуд.
Даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон 2,4 дарсад афзоиш ёфтааст
Роҳбари “Мегафон Тоҷикистон” дар ВМКБ изҳори омодагӣ кардааст, ки дар дигар ҷамоатҳои дурдасти вилоят аҳолиро бо сифати баланди алоқаи мобилӣ таъмин намояд.
Котибот афзуд, ки дар анҷоми мулоқот Ëдгор Файзов барои хизматҳои арзанда, таъмини алоқаи мобилии босифат дар вилоят ва хамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Садоншоевро бо Сипосномаи раиси ВМКБ қадрдонӣ намудаст.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.
Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео
Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.