Вид на город Душанбе, архивное фото

Дар Душанбе аз фасод пешгирӣ мекунанд

180
(Таҷдидшуда 20:21 29.12.2019)
Дар коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар масъалаи муқовимат бо коорупсия ҳамоиш баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар толори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе вобаста ба амалӣ гардидани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати маориф, дар ҳамоиш Маҳмадалӣ Қурбонзода-директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Собирҷон Давлатзод - нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Бахтовар Сироҷиддинзода-нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе  ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок карданд. 

Маҳмадалӣ Қурбонзода қайд намудааст, ки дар коллеҷ нақша-чорабинӣ ҷиҳати амалӣ гардидани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст. 

Ӯ афзудааст, ки инчунин,  комиссияи махсус  амал мекунад, ки  оид ба  фаъолияти худ дар назди Шӯрои олимони коллеҷ ҳар се моҳ гузориши муфассал манзур менамояд. Дар муассиса гӯшаи намунавӣ оид ба  пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ насб гардидааст.

Раҳмон мақомдорони Ожонси зидди фасодро китобхон мекунад

Дар ин ҳамоиш таъкид гардидааст, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҳамкорӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”  ба ҳисоб меравад.

180
Барчаспҳо:
коллеҷ, Тоҷикистон