Маълум шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозон дар Соли нав чӣ туҳфа мекунад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве
Президент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои сарбозон ва афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар остонаи Соли нави милодӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳайати қатории қисмҳои ҳарбӣ, бонувони хизматчии ҳарбӣ туҳфаҳои солинавии раисиҷумҳур супурда мешавад.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба ду ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард

Ҳамчунин хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз номи президент туҳфаҳо хоҳанд гирифт.

Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад.

Раҳмон барои сайру гашт ба кӯдакони ношунаво ду автобус тақдим кард

Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии КҲФ бештар аз 800 сарбоз ва 200 бонуи хизматчии ҳарбӣ, кормандони Кумита та туҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.

"Ин туҳфаҳо асосан ширинворианд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин барои сарбозон ва афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил карда шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0