Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Аниса Насимзода рафт

Аҳмадзода ба Аниса Насимзода: руҳафтода нашавед ва ба омӯзиши илму дониш машғул бошед

682
(Таҷдидшуда 12:37 31.12.2019)
Раиси вилояти Суғд дар арафаи таҷлили соли нави мелодӣ ба аёдати Аниса Насимзода ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина рафт. Аниса Насимзода бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд ва имрӯз дар хона бистарӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Аниса Насимзода, ки моҳи августи соли равон бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд, дар суҳбат бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки новобаста аз бистарӣ буданаш дар хона руҳафтода нашудааст.  

Тавре манбаъ хабар додааст Раҷаббой Аҳмадзода,  раиси вилояти Суғд дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҳоли сокини шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода хабар гирифта, ӯ ва аҳли оилаашро бахшида ба соли нав табрик кард.

Раиси вилояти Суғд ба Аниса Насимзода пешниҳод намудааст, ки дар хона ба омӯзиши илму дониш машғул шавад.  Ба ҳамин хотир, раиси вилояти Суғд ба Аниса Насимзода дар арафаи ҷашни Соли нав як адад ноутбук тақдим кард.

Ҳамчунин раиси вилоят ба Аниса ва аҳли хонаводаи ӯ туҳфаҳои солинавӣ низ тақдим карда, изҳор дошт, ки тамоми орзуҳои Аниса дар соли нав амалӣ гарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Мария Сербулина рафт
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина рафт

Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулинаро аёдат намуда, фарорасии соли навро барояш таҳният гуфт.

682
Барчаспҳо:
бистарӣ, ҳодисаи нохуш, ҳодиса, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Соли нав, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг

Ронанда дар хати пиёдагузар ноболиғи 10 - соларо пахш кард

45
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати кӯдаки 10 - сола хабар медиҳад, ки дар хати гузаргоҳи пиёдагардон зери чархи мошин мондааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 1- уми июл, тахминан соати 22:00 дақиқа рух додааст.

Бар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Деу-некси"  Ҷамии Ҳамиди 24 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, дар хати пиёдагузар ноболиғро зер кардааст.

"Ронанда ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоев аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар болои хати гузаргоҳи пиёдагардон, пиёдагарди ноболиғ, Исроилова Фарида Шодиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Садамаи мудҳиш дар Восеъ оилаи Комиловҳоро мотамзада кард: ду тан ҳалок ва дуи дигар захмӣ

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ин ҳодиса ноболиғи 10 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ меафзояд, феълан аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

45
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, ноболиғ, садама
Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото

Сӯхтор дар Панҷакент ба ҳалокати келини хонавода ва ду кӯдаки ноболиғаш анҷомид

390
(Таҷдидшуда 12:25 03.07.2020)
Бар асари сӯхтор дар манзили зисти сокини 56 - сола дар шаҳри Панҷакент келини хонавода бо ду фарзанди кӯчакаш ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шаби 2 - юми июл дар манзили зисти сокини шаҳри Панҷакент сӯхтори шадид рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар манзили Солиев Баёни 56 - сола,  сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба амал омад.

Гуфта мешавад, бар асари сӯхтор келини соҳибхона Каримова Таҳминаи 43 - сола  бо фарзандонаш Солеҳзода Меҳваршои 4 - сола ва Солеҳзода Талабшои 2 - сола фавтидаанд.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон: ба корхона хисороти калон овард

Ҳамчунин, худи соҳибхона Солиев Баён, ҷароҳати сӯхтагии бадан бардошта, ба Шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол ёфт.

Ба иттилои пизишкон ҳудуди 99 фисади бадан ва ҳамчунин 30 дарсади роҳҳои нафаси соҳибхона сӯхтаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, зарар аз сӯхтор 7780 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз сӯхтор эмин нигоҳдоштаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба 122 000 сомонӣ баробар аст.

Феълан омили сар задани сӯхтор муайян мешавад.

390
Барчаспҳо:
ҳалок, кӯдак, келин, сӯхтор, Панҷакент
Эмомали Рахмон, архивное фото

Кӣ COVID 19-ро ба бизнес табил дод? Раҳмон бархе номҳоро гуфт

111
(Таҷдидшуда 15:06 03.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдороне интиқод кард, ки ба нақзи қонунҳои бахши беҳдошт даст задаанд. Ӯ инчунин бархе номҳоро гуфт, ки бо сӯиистифода аз COVID – 19 ба фиребкорию пулкоркунӣ машғул шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Суғд, таъкид кард, ки масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд.

Ӯ гуфт, санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд.

Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд, сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст.

“Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”, - илова намуд Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифт.

"Дар натиҷа ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи доруворӣ азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд", - хабар дод раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Президент, дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо дар Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии лавозимоти беҳдошт дар бархе аз муассисаҳои тиббии кишвар хабар дода буданд, аммо мақомоти тандурустӣ ин иддаоро рад мекарданд.

 

111
Барчаспҳо:
пул, вируси нав, Тоҷикистон