раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода

Нурмуҳаммадзода дар Тоҷикистон бонки ҷадидро ифтитоҳ кард ва ба роҳбарияти он супориш дод

1564
(Таҷдидшуда 12:55 06.01.2020)
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон бонки ҷадидро ифтитоҳ кард ва ба Абдулло Қурбонов роҳбари ин бонк дастуру супориш дод

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз таъсиси бонке нав дар кишвар хабар дод.

Бар хабари котиботи Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонки нав бар асоси тарҳи Муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба Алифсармоя иҷозатномаи фаъолият дарёфт кардааст.

Ин муассиса аз соли 2014 дар Тоҷикистон фаъолият мекард ва акнун бо дарёфти иҷозатнома ба унвони бонк ба муштариён хадамоти бонкӣ ироа хоҳад кард.

Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки бонки нави Алифбонк аз ҳаққи анҷоми муомилоти бонкӣ бо сомонӣ ва арзҳои хориҷӣ бархурдор хоҳад шуд.

Вай ба Абдуллоҳ Қурбонов раиси бонки нави Алифбонк дастур додааст, ки барои ифтитоҳи шуъбаҳои ин бонк дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иқдом кунад.

1564
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, бонк, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

34
(Таҷдидшуда 15:02 03.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии сокини 26 - солаи ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад. Марҳум гирифтори бемории рӯҳӣ будаст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар канали Чузӣ як сокини 26 - солаи деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав ғарқ шудаст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, марҳум ба хотири нӯшидани об ба канал фаромадаст, аммо мувозинати худро нигоҳ дошта натавонист ва ба об сарозер шудаст.

Наздикони ин ҷавон изҳор доштаанд, ки номбурда гирифтори бемории рӯҳӣ будааст.

Фоҷиа: ҷавони тоҷик дар Уфа кӯдакеро аз марг наҷот доду худ ғарқ шуд

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Шаҳринав афсарони бахш ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллӣ дар ҷустуҷӯи ғарқшуда афтода, соати 22:22 дақиқа ҷасадро дар мавзеъи тахминан 500 метр дуртар аз маҳалле, ки ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба наздиконаш супурданд.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ сар аз авоили сол то 19 - уми июн теъдоди ғарқшудаҳо дар кӯлу дарёҳоро 28 нафар арзёбӣ намуд.

Аз миёни 28 нафари ғарқшуда, 9 нафарашон аз 16 - сола поён мебошанд.

34
Барчаспҳо:
ғарқ, ҷавон
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг

Ронанда дар хати пиёдагузар ноболиғи 10 - соларо пахш кард

71
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати кӯдаки 10 - сола хабар медиҳад, ки дар хати гузаргоҳи пиёдагардон зери чархи мошин мондааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 1- уми июл, тахминан соати 22:00 дақиқа рух додааст.

Бар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Деу-некси"  Ҷамии Ҳамиди 24 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, дар хати пиёдагузар ноболиғро зер кардааст.

"Ронанда ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоев аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар болои хати гузаргоҳи пиёдагардон, пиёдагарди ноболиғ, Исроилова Фарида Шодиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Садамаи мудҳиш дар Восеъ оилаи Комиловҳоро мотамзада кард: ду тан ҳалок ва дуи дигар захмӣ

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ин ҳодиса ноболиғи 10 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ меафзояд, феълан аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

71
Барчаспҳо:
ҳалокат, пиёдагард, ноболиғ, садама