Чучела горных баранов и козлов

Саршумори гӯсфанди Марко Поло якуним ҳазор афзудаст

370
(Таҷдидшуда 13:45 06.01.2020)
Саршумори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон ба фарқ аз як соли пеш наздики якуним ҳазор сар афзудааст

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи умумии гӯсфанди Марко Поло якуним ҳазор сар афзуда, 26 483 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Дар ин бора ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов зимни маҷлиси солона иброз намуд.

Бино ба маълумоти Абдусаттор Саидов, соли 2019  баҳисобгирии саршумори гӯсфанди Марко Поло, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва бузи пармашох дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб, қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазрати шоҳ, Оқтов, Сарсарак, Хоҷақозиён, Териклитов, кӯҳҳои Санглох ва парваришгоҳи Хуталон гузаронида шуд. 

Дар маҷмӯъ 26 483 сар гӯсфанди Марко Поло, 832 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва 2 929 сар бузи пармашох ба қайд гирифта шуданд.

Ҳаққи шикори Марко Поло - 80 000 сомонӣ, бузи сибирӣ – 45 000 ва нахчир – 5 000 сомонӣ

Қобили зикр аст. ки ба шикори гӯсфанди Марко Поло бештар  сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ  дошта, 50-56 фоиз шикорчиён амрикоиҳо мебошанд. Квотаҳо асосан барои ҷалби сайёҳон ҷудо карда мешаванд.

Ҳарчанд гӯсфанди Марко Поло дар Ҷумҳурии Афғонистон, Чин ва Қирғизистон низ мавҷуд аст, вале зернамуди гӯсфанди Марко Полои Тоҷикистон зеботар буда, диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад.

370