Снегопад в Душанбе

Фардо дар Тоҷикистон борон ва барфи шадид меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон

1788
(Таҷдидшуда 13:23 06.01.2020)
Сар аз рӯзи оянда дар Тоҷикистон боришоти шадиди барфу борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво то 6 - 8 дараҷа поин мефарояд

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъи ҳаво якбора номусоид гардида,  боридани борон ва  барфи  бошиддат дар назар аст, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба сардори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева.

Ба иттилои манбаъ,  давоми моҳи январ дар ҷумҳурӣ  зуд –зуд борон ва барфи тар борида, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво  дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ аз меъёри иқлимӣ 1- 2 дараҷа  баланд пешгӯӣ мешавад.

Дар ин минтақа асосан ҳаво рӯзона 10+15  дараҷа гарм шуда, дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ рӯзҳои алоҳида ҳарорат то ба +18 дараҷа мерасад.

Дар ин  давра дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳ аз меъёри иқлимӣ 1-3 дараҷа баланд пешбинӣ шудааст.  Дар  нима ва охири моҳ  воридшавии мавҷҳои кӯтоҳмуддати ҳавои сард дар назар буда, ҳаво  рӯзона аз  -2 дараҷа хунук то +3 дараҷа гарм ва  шабона то -6 дараҷа  хунук мешавад. Инчунин давоми моҳ эҳтимолияти  пастшавии  ҳарорати шабонаи ҳаво дар  доманакӯҳҳо  дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ давоми моҳи январ  ҳарорат  тағйир ёфта, ҳаво рӯзона аз +1 дараҷа  гарм то — 8 дараҷа  хунук ва шабона  аз — 5 то -18 дараҷа хунук мешавад.

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар ин давра  дар вилояти Суғд зуд-зуд боридани  боришоти кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шуда,   шамол бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар   водиҳо  туман мефарояд.

Ҳарорати миёнаи моҳи январ  дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа паст мешавад.

Давоми моҳ дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  асосан реҷаи пастшавандаи ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона тағйир ёфта, аз 5-10  то 15-20 дараҷа  хунук мешавад. Ҳавои нисбатан хунук дар даҳрӯзаи дуюми моҳ дар назар буда, ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво аз меъёри муқаррарӣ 5-7 дараҷа паст мешавад.

Дар  ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ивазшавии давраи ҳавои гарм ва хунук бо тағйирёбии якбораи ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳаво аз +1 дараҷа  гарм то -12 дараҷа  хунук  ва шабона  аз -2 то 20 дараҷа  хунук мешавад. Миқдори моҳонаи боришот асосан аз меъёр паст ва дар баъзе  ноҳияҳо  дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Дар шарқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ  пасттар  пешгӯӣ шуда, дар мавзеи Булункӯл то  — 30 дараҷа  хунукиро ташкил медиҳад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво тағйир ёфта, аз 6-11 то 18-23 ва шабона аз 16-21 то 35-40 дараҷа хунук  мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида пастшавии ҳарорати шабонаи ҳаво  то -56 дараҷа  хунукӣ дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгўӣ мешавад.

Рӯзҳои алоҳида шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.

1788