Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Қарори нави раиси шаҳр: нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ шуд

2762
(Таҷдидшуда 11:30 07.01.2020)
Раиси шаҳри Душанбе бо қарори навбатиаш баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ намуд

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik.  Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи барномаҳои омодагии муташаккилона барои баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020  тасдиқ гардид.

Тибқи сомонаи расмии мақомоти шаҳри Душанбе, тибқи қарори мазкур масъулин   вазифадор гардидаанд, ки  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.

Раиси шаҳр ба   раисони ноҳияҳои пойтахт, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе супориш дод, ки   омӯзиши шаҳрвандони синни  даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян  кунанд.

Масъулин  ҳамчунин супориш гирифтанд, ки барои  ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то  25 марти  соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббии онҳо  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сохтори дахлдор дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ  муваззаф гардидаанд, ки  нисбат ба  даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, чораҳои муфиду саривақтӣ роҳандозӣ намуда, табобати онҳоро ба роҳ монанд.

Дар асоси қарори дахлдор масъулин  бояд  тибқи тартиби муқарраргардида даъвати навбатии шаҳрвандонро  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  дар сатҳи баланд ташкил намуда, барои  хариди   маводи лозимӣ (либос, маводи гигиенӣ, дафтардорӣ) маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.

Ҳамчунин Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон  вазифадор гардид, ки барои сари вақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30 дарсад нақшаи даъватро таъмин кунад.

Бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ рӯйхати аниқи ҷавонони синни  даъватиро дар муҳлати кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд.

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ  низ  муваззаф гардидаанд, ки  баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

2762
Барчаспҳо:
даъват, соли 2020, хизмати ҳарбӣ, қарор, раиси шаҳр, Душанбе