Посольство Республики Таджикистан в Москве

Сафорат Тоҷикистон марги муҳоҷирони тоҷик дар сӯхтори ахир дар вилояти Маскавро рад кард

463
(Таҷдидшуда 19:25 07.01.2020)
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскавро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар як сӯхтори ахир, ки дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав рух додааст, рад кард.

“Тибқи маълумоти сафорати Тоҷикистон дар ин ҳодисаи маргбор ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат нарасида ва маҷрӯҳу осеб надидадааст”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти сафорат.

Ёдрас мешавем, ки ахиран хабари марги шаш шаҳрванди Тоҷикистон бар асари сӯхтор дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав ба нашр расид.

Тибқи иттилои пешаки сӯхтор дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав дар чанд  хобгоҳи коргарон, ки дар дохили хоҷагии гармхона қарор дошт сурат гирифта шуд

Тибқи иттилои КҲФ Русия Масоҳати умумии сӯхтор 240 метри мураббаъро ташкил додааст.

Дар натиҷаи сӯхтор ҳашт шаҳрванди Осиёи марказӣ ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.

Пештар КҲФ Русия хабар дод, ки ҳамаи қурбониёни сӯхтор зодагони Осиёи Миёна мебошанд ва эҳтиомл дорад шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Дар ҳоли ҳозир сӯхтор комилан хомӯш карда шудааст ва сабаби ин сӯхтор аз тарафи мақомоти дахлдори Русия тафтиш мегардад.

463
Барчаспҳо:
сафорат, намоянда, сӯхтор, муҳоҷир, ҳалокат, Русия, Тоҷикистон
Начало учебного года в Таджикистане

Санаи таътили тирамоҳӣ дар мактабҳо эълон шуд: муаллимон чаро кор мекунанд?

71
(Таҷдидшуда 15:34 28.10.2020)
Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон санаи оғози таътили тирамоҳиро дар мактабҳои Тоҷикистон эълон кард.

Бино бар иттилои вазорат, 31 октябр чоряки якум ҷамъбаст гардида, 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад.

"Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ иборат аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст. Инчунин дар давраи таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи бузургдошти адибони тоҷик гузаронида мешавад.

Дар ин давра даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 26-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб  намояд.

Аз норасоии синфхонаҳо то 45 дараҷа гармӣ: таътилро то 15 сентябр тамдид кунед

Бо қарори Вазорати маориф, хонандагони мактабҳо чор таътил доранд, ки аз таътили тирамоҳӣ - 1 то 10 ноябр, зимистона - 1 то 10 январ, баҳорӣ - 26 то 31 март ва тобистонӣ - анҷоми таҳсил то 31 август иборат аст.

71
Встреча Чрезвычайного и Полномочного Посла Кыргызской Республики в Республике Таджикистан Ж.Рустенбекова с Заместителем министра иностранных дел Республики Таджикистан М.Хусейнзода

Тоҷикистону Қирғизистон вазъият дар марзро баррасӣ карданд

44
(Таҷдидшуда 14:26 28.10.2020)
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндаи Қирғизистонро қабул карданд, то масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Рӯзи 26 октябр, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, Жаниш Рустанбеков бо муовини вазири хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ Қирғизистон.

Дар ин мулоқот намояндаи Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро бо вазъи сиёсии кунунии кишвар ошно кард.

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

"Сафир таъкид кард, ки Қирғизистон ба тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва иҷрои қатъии ҳамаи шартномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи қаблан имзошуда, содиқ мемонад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин вохӯрӣ Ҳусейнзода ва Рустанбеков ба масъалаи демаркатсияи марз диққати махсус зоҳир кардаанд.

Баҳс ва тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - шарҳи ҷонибҳо: аксу видео

Ҳамчунин тарафҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

44
Барчаспҳо:
марз, вазъият, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон