Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раисҷумҳур Маликшо Неъматзодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин кард

1244
(Таҷдидшуда 18:21 08.01.2020)
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ раиси шаҳри Норакро аз вазиваи ишғолкардааш озод кард ва ба ҷои ӯ раиси нав таъйин кард

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, мутобиқи фармони Президенти кишвар мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шуд.

Бар асоси фармони президент, Маликшо Неъматзода аз вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи президент озод шуда, ба мақоми иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак таъйин гардидааст. Маликшо Неъматзода дар гузашта ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон ва сафири Тоҷикистон дар Олмону Лаҳистон ва Чехия кор кардааст.

Бояд қайд кард, ки чанд лаҳза пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду судяи шаҳри Душанбе ва як судяи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз вазифаи ишғолкардаашон озод шуданд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст,  Ёрмамадзода Нисо Аҳмад аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Сайдализода Парвиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.

Ҳамзамон тибқи фармони раисҷумҳур Ҳоҷизода Саъди Ҳоди аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шуд.

1244
Барчаспҳо:
муаррифии раиси нав, озод, Норак, фармон, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон