Коргоҳҳо зиёду истеҳсолот кам: натиҷагирии фаъолияти соҳаҳо дар Хуҷанд

114
Ҳарчанд маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии Хуҷанд дар соли 2019 ба маблағи 1, 3 миллиард сомонӣ расидааст, вале дар ин давра иқтидори истеҳсолии баъзе коргоҳҳо коҳиш ёфтааст

 ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Масъулони ҳукумати Хуҷанд, дар як ҷаласа аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар соли сипаришудаи 2019 натиҷагирӣ карданд. Дар ҷараёни баргузории ин ҷаласа аз ҷумла аз ҷойдошти камбудиҳое таъкид шудааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро шарҳ дода,  коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли коргоҳҳоро зикр кард. Ӯ гуфт сарфи назар аз дастовардҳо, дар соҳаҳи саноат камбуду норасогиҳо ҷой доранд.

"Дар ин давра як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла Ҷавонӣ ба маблағи 19 милиону 800 ҳазор сомонӣ, Сарв 8 милиону 400 ҳазор сомонӣ, Дилписанд 1 милиону 400 ҳазор сомонӣ ҳаҷми маҳсулоти дар қиёс ба соли 2018 кам кардаанд. Ин омил боиси коҳишёбии соҳаи истеҳсолот гардидааст",- афзуд Нуруллозода.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар соли сипаришуда дар қаламрави Хуҷанд аз ҳисоби 16 корхонаи нави истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 20 миллион сомонӣ афзудааст. Дар умум аз ҳисоби фаъолияти 172 корхона дар соли 2019, маҷмуи маҳсулоти истеҳсолшуда ба 1,3 миллиард сомонӣ расидидааст ва гуфта мешавад ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд рақам зада мешавад.

Дар зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи соҳаҳои хоҷагии халқ мушкилиҳои мавҷудаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ низ нишон дода шудааст.

114