Сохтмони Масҷиди ҷомеи Душанбе: Раҳмон комиссия ташкил кард

© Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат комиссияи махсуси давлатиро ташкил кардааст, ки ба қабули Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе машғул хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Комиссияи давлатӣ Масҷиди ҷомеи марказии Душанберо, ки сохтмонаш анҷом ёфтааст, баҳогузорӣ карда, ба Ҳукумат хулосаашро пешниҳод хоҳад кард.

Рахмон и Рустам Эмомали посетили Национальный парк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар назди Масҷиди марказӣ

Бар асоси қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳур 31 декабри 2019 имзо кардаст, комиссияи давлатиро ноиби сарвазир ва ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа роҳбарӣ хоҳанд кард.

Қаблан гуфта мешуд, масҷиди бузурги Душанбе, ки имкони ғунҷондани даҳҳо ҳазор намозгузорро дорад, дар арафаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Аммо дари масҷид то ҳол барои намозгузорон боз нашудааст ва ин таъхиркорӣ бархе сарусадо дар бораи камбудиҳо дар сохтмони масҷидро ба вуҷуд овард. Манобеи расонаҳо дар мақомот сарусадо дар бораи камбудиҳо дар сохтмони Масҷиди марказии ҷомеаи Душанберо рад карда, иттилоъ доданд, дар назар аст масҷид бо ҳузури амири давлати Қатар Шайх Тамин бин Ҳамад Оли Сонӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон амири Қатарро моҳи гузашта ба Тоҷикистон даъват карда буд. Арзиши бунёди масҷид ҳудуди 100 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад, ки 70 дарсади онро давлати Қатар ҷудо кардааст.

Феълан дақиқ нест, ки маросими ифтитоҳ кай сурат хоҳад гирифт.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз Қасри миллат то Масҷиди ҷомеъ: вуруди гулу дарахтони хориҷӣ бо нархи 25 миллион сомонӣ

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0