Посол Таджикистана в Кыргызстане Сухроб Ходжа Олимзода

Пас аз муноқиша дар марз: Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро барканор кард

612
(Таҷдидшуда 15:48 13.01.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро аз вазифа озод кард

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистонро таъйин кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардид.

Ба ҷои Олимзода ба ин симмат Ализода Назирмад  таъин гардид.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаҳои охир вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мураккаб шуд. Сокинони наздимарзии ду кишвар ҳамдигарро дар нотинҷ кардани вазъ айбдор мекунанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 10 январ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Чингиз Айдарбеков сафири вақти Тоҷикистон дар Қирғизистон Олимзода Сӯҳробро ба наздаш хонда ба ӯ нотаи эътироз супурд.

Супориши Раҳмон ва Жээнбеков ба вазоратҳо барои ҳалли муноқишаи марзӣ

Вазири қирғиз ҳамчунин масъалаи марзиро бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баррасӣ кард.

Рӯзи 11 январ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ва Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков телефонӣ баррасӣ карданд.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ мешавад

Ҳамчунин қарор аст, ҳайати расмии мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 14 январи соли равон вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

612
Барчаспҳо:
сафир, иваз, Қирғизистон, Тоҷикистон