Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ ба ташкилоти суғуртавии “Боварӣ” иҷозатнома дод

198
(Таҷдидшуда 16:55 13.01.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба ташкилоти суғуртавии “Боварӣ” барои панҷ соли оянда иҷозатномаи фаъолият додааст

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” барои фаъолият дар қаламрави ҷумҳурӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои мазкур қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 10 январи соли равон ба имзо расидааст.

“Дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бобҳои 11 ва 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, -  таъкид доштааст Бонки миллӣ.

Ҳамзамон масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, ки Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шудааст.

198
Барчаспҳо:
иҷозатнома, суғурта, бонк, Бонки миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Чиниҳо ҳайрон: баҳои баланди вирусологҳои Чин ба мақомоти вилояти Хатлон

88
(Таҷдидшуда 16:18 28.05.2020)
Гурӯҳи 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб, вирусологҳо аз музофоти Шэнсии Чин имрӯзҳо барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омаданд ва имрӯзҳо ба вилояти Хатлон ба шаҳри Бохтар сафар карданд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Ҷӣ Венкуй, намояндаи ҳайати табибони чиноӣ, қайд кардааст, ки мутахассисони чиноӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудааст, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

Бино бар дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон Ҷи Венкуй таъкид доштааст, ки то ин вақт аз ҷониби Ситоди вилоятӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии виркуси корона як қатор корҳои муҳим, саривақтӣ ва хеле муфид анҷом дода шудааст.

Вай афзуд, таҷриба, касбияти баланд ва масъулиятшиносии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва мақомотҳои давлатӣ аз ин шаҳодат медиҳад.  

“Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем”, - қайд кард ӯ.

Бояд гуфт, ки санаи 24 майи соли равон ба хотири ҷилавгири аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Чин ба Тоҷикистон ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнсии Чин ба Тоҷикистон омаданд.

Манбаъ зикр кард, ки ҳайати табибони чинӣ пас аз мулоқоту табодули афкор бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят дар шаҳри Бохтар, инчунин аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Данғара низ дидан намуданд.

Ёдрас мешавем, ки то соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

88
Барчаспҳо:
Чин, Бохтар, табодул, таҷриба, вирус, Хатлон, Тоҷикистон
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область

Мақомоти ВМКБ овозаҳои маҳдуд шудани ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғро бепоя хонд

49
(Таҷдидшуда 15:55 28.05.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, овозаҳои маҳдуд будани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ воқеият надорад ва феълан роҳ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ "Ховар" хабар дода, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон дар ин бора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт Ниятбеков.

То 27 майи соли равон дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 1575 нафар шифо ёфтаанд.

49
Барчаспҳо:
бастан, роҳ, Душанбе-Хоруғ, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон