Юлдуз Усманова ответила на критику поклонников

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Саидҷон барои ташкили консерти Юлдуз Усмоноваи тақаллубӣ

1197
(Таҷдидшуда 18:12 13.01.2020)
Мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан бар зиди соҳибкор Саидҷон Ғаниев баргузоркунандаи консерти тақаллубӣ ва дуруғини Юлдуз Усмонова парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ғаниев барои фиреби назари мардум дар баргузор кардани консерти дурӯғини гуё бо иштироки Юлдуз Усмонова ҷавобгар шудааст.

“Тафтишоти ин парвандаро алайҳи Саидҷон Ғаниев, мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан пеш мебрад”, -афзуд Шарифӣ.

Саидҷон Ғаниев дар рӯзи 25-уми декабри соли гузашта ва дар остонаи соли нави 2020 барои ташкили консерт бо иштироки сароянда Юлдуз Усмонова дар тарабхонаи “Садбарг” и шаҳри Истаравшан бештар аз 100 чипта ҳар якеро бо нархи то 350 сомонӣ ба мардум фурухтааст. Аммо дар рӯзи баргузории консерт дар Истаравшан ба ҷои Юлдуз Усмонова нафаре бо истифода аз либосу муй ва ниқоби занона худро ба саҳна “Юлдуз Усмонова” сохта сурудхонӣ кардааст.

Тӯҳфа дар рӯзи мавлуд: ба Юлдуз Усмонова мошини BMW X7 ҳадя карданд

Аз чунин фиреби назари баргузоркунандаи консерт, мардум дар толор зуд огаҳӣ ёфтаанд, вале он замон Ғаниев сабаби иштирок надоштани Усмоноваи ҳақиқиро шарҳ надода, ғайб зада буд.

Бино ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, парванда алайҳи Ғаниев бар асоси моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) и асноди ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

 Ахиран, Юлдуз Усмонова, ҳунарманди машҳури узбакистонӣ 25 сентябри соли 2019 бо даъвати мақомоти Хуҷанд дар шаҳри мазкур ҳунарнамоӣ карда буд.

1197