Выступление Постоянного представителя Республики Таджикистан на заседании Совета Безопасности ООН по Афганистану

Муҳаммадамин Муҳаммадаминов дар СММ: барои ҳалли низоъҳои тӯлонӣ талоши бештаре кунед

404
(Таҷдидшуда 12:32 14.01.2020)
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ аз тамоми кишварҳо хост то барои ҳалли мусолиматомези низоъҳои тӯлонӣ ва мавҷуда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бавижа Осёи Ғарбӣ талоши бештаре кунанд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Муҳаммадамин Муҳаммадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ бо мавзӯи “Посдории Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ” ширкат ва суханронӣ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Маҳмадамин Муҳаммадаминов дар ин ҷаласа мавзеи Душанбе дар робита ба таҳдид ва чолишҳои феълиро эълом кард.

Вай аз тамоми тарафҳо хост то барои ҳалли мусолиматомези танишҳои ҷорӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бавижа Осёи Ғарбӣ талоши бештаре кунанд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо ишора ба зарурати амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои узви СММ ба ҷойгоҳи хоси меъёр ва принсипҳои Оинномаи СММ дар муносибатҳои байналмилалӣ таъкид кард.

404
Барчаспҳо:
талош, Осиё, низоъ, кишвар, СММ, Тоҷикистон