Қарори Раҷаббой Аҳмадзода: ҳаҷми кумакпулӣ ба маъюбони садамаи Чернобил муайян шуд

289
(Таҷдидшуда 10:28 14.01.2020)
Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки аз буҷаи вилоят барои маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар як сол наздик ба 293 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумакпулӣ ҷудо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 304 нафар маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ба сар мебарад, ки ба онҳо ҳар моҳ миқдори муаяйн кумакпулӣ дода хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Тибқи қарори нави Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз 1 январи соли 2020 ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳар моҳ дар ҳаҷми 80 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ қарори Раиси вилояти Суғд дар ин бора санаи аз 6 январи соли 2020  равон ба тасвиб расид.

Мақомоти вилояти Суғд таъкид доштааст, ки кумакпулӣ бо мақсади қадршиносӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дода хоҳад шуд.

Ҳамзамон тибқи қарори мазкур барои расонидани кӯмакпулӣ ба 304 нафар, ки дар бартарафкунии садамаи Чернобил иштирок доштанд, ҳар моҳ 24 400 сомонӣ ва давоми сол бошад 292 800 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

289
Барчаспҳо:
садама, Раҷаббой Аҳмадзода, кумакпулӣ, маъюб, Суғд