ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Рӯзи 13 январи соли 2020, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ таъин гардид.
Ҷумъазода Ҷумъа дар ин маснад Азиз Гиёзодаро иваз кард, ки бо фармони роҳбари давлат аз симмати ишғолкарда худ бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва пешбарӣ шудан ба вакилӣ аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон, аз вазифа озод шуд.
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир 1 – уми октябри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Дар Бадахшон кам андар кам нафароне пайдо мешаванд, ки оилаи Ҷумъаевҳо барои онҳо ношинос бошад.
Зеро, замоне падари марҳуми ин хонавода Шофақир Ҷумъаев дар сохторҳои калидии ин вилоят ифои вазифа мекард. Марҳум аз мудирӣ дар совхоз сар карда то роҳбари идораи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият кард.
Гузашта аз ин, аз соли 2000 то 2005 Шофақир Ҷумъаев котиби байнипарлумонии Ассамблеяи кишварҳои ИДМ буд.
Пеш аз тағйироти кадрӣ: раиси ноҳия номзад шуд
Зимнан, соли 1994 ба фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, Шофақир Ҷумъаев раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ таъин гардид ва то охири умр дар ин симмат фаъолият мекард. Марҳум 6 - уми октябри соли 2006 бар асари сактаи қалб даргузашт.
Раиси тозатаъини ноҳияи Шуғнон бародари Далер Ҷумъаев мудири ширкати "Помир- Энержӣ" мебошад. Далер Ҷумъаев хатмкардаи чандин донишгоҳ ва донишкадаҳои дохилу хориҷӣ кишвар аст. Ӯ ҳамзамон фориғултаҳсили донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард мебошад. Далер Ҷумъаев сар аз соли 2007 то ҳол мудирияти ширкати "Помир Энержи"- ро бар ӯҳда дорад.
Ҷумъазода Ҷумъа оиладор буда, соҳиби се фарзанд аст. Ногуфта намонад, ки раиси феълии ноҳияи Шуғнон ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ даъвати панҷум мебошад.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо роҳбари Чин Си Ҷинпин барои омодагии Чин ба пешниҳоди ваксини ройгонаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин муҳокима карданд.
Гуфта мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони натиҷаи пандемия баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин миннатдории Тоҷикистонро барои кӯмак ва дастгирӣ дар рафъи оқибатҳои пандемия, аз ҷумла омодагии Ҳукумати Чин барои ба Тоҷикистон ба таври ройгон додани ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин иброз доштааст.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи вазъи вобаста ба пандемия дар ду кишвар дар маҷрои муътадилгардонии устувори он изҳори умед намуданд.
Сарони давлатҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Чин ва омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи амният изҳор карданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст.
Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст
Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.