Ҳайко Маас: хуруҷи нерӯҳои эътилоф метавонад ДОИШ ро ба Ироқ баргардонад

123
(Таҷдидшуда 16:45 14.01.2020)
Вазири умури хориҷаи Олмон таъкид кардааст, ки дар сурати берун овардани нерӯҳои эътилофи аз Ироқ гурӯҳи террористии ДОИШ метавонад ба ин кишвар баргардад

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳейко Маас , вазири умури хориҷаи Олмон иддао кардааст, ки нерӯҳои эътилофии байналмилалӣ дар Ироқ бимонанд, чун дар сурати хуруҷи нерӯҳо эҳтимол дорад ДОИШ ба ин кишвар баргардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Ҳейко Маас иддао доштааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмиллалии аз Ироқ, хавф дорад гурӯҳи террористии ДИИШ дубора ба ин кишвар баргардад.

Ба навиштаи хабаргузории Анатолӣ, вай дар як конфронси матбуотӣ бо Айман Ал-Сафдӣ ҳамтои урдунии худ дар Уммон гуфт, хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ роҳро барои терроризм боз мекунад ва ҳамлаҳои онҳо ба минтақа ва Аврупо осеб мерасонад.

Ҳайко Маас дар хусуси танишҳо миёни Амрико ва Эрон гуфт, агар Эрон хоҳони танишзудоӣ аст, бояд нооромиҳо дар минтақаи худро мутаваққиф кунад, ки ин амр дар мавриди Ироқ низ сидқ мекунад.

123
Барчаспҳо:
Ироқ, террористӣ, ДОИШ, Олмон
Девушка в наручниках, архивное фото

Ҳашт ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунам: боздошти устоди Донишгоҳи Хуҷанд

61
(Таҷдидшуда 12:28 10.08.2020)
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон Негматова Мунира омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ,  Негматова Мунира Мухамедовна ба чунин амал ҳангоми дар вазифаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда истоданаш даст задааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б”  бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуд.

“Санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Агентӣ мегӯяд, дар ин асос нисбати Негматова М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

61
На улице в городе Душанбе, архивное фото

Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиноcон барои имрӯз

74
(Таҷдидшуда 12:16 10.08.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда  шуда, ҳарорат дар шахри Душанбе рӯзона ба 35+37 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назара аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 29 +34 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва  тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

74
Барчаспҳо:
обу ҳаво, гармӣ, Тоҷикистон

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

0
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

 

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳ гуфт, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

0